Таҳти маънои ин калима, мо меваҳои ситрусиро аз қабили лимӯ, афлесун, норанҷ, грейпфрут ва ғайра пеши назар меорем. Ин меваҳои пур аз маводи фоидабахшу витаминҳо аз кай боз парвариш мешаванд, касе намедонад. Ҳоло маълумоте мухтасар гирд овардем, ки дониши шуморо дар ин бобат каме бошад ҳам меафзояд.
Аз ҳама меваи ситрусии фоидабахш афлесун мебошад,ки фоидааш аз лимӯву грейпфрут ҳам бештар аст. Аввалин бор дар бораи ситрусҳо дар асри 3-юми пеш аз милод зикр кардаанд. Миқдори зиёди витамини C ҳамаи меваҳои ситрусиро бениҳоят маъмул ва серталабот кардааст.
Ситрусҳо 92% об доранд, ки онҳоро яке аз меваҳои сероб дар сайёра медонанд. Агар баа назар гирем, ки шахс то 20% талаботи рӯзонаи обро аз ғизо мегирад, пас ворид кардани танҳо як грейпфрут ба ғизо метавонад дегидратсияи баданро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Бӯи меваҳои ситрусӣ на танҳо бактерияҳо ва вирусҳоро нест мекунад, балки инчунин ба рӯҳияи шахс таъсири мусбӣ мерасонад ва барои мубориза бо депрессия кӯмак мекунад.
Тақрибан 20 фоизи меваҳои ситрусии ҷаҳон, ки фурӯхта мешаванд, дар шакли тару тозаашон истеъмол мегарданд. Боқимонда 80 дарсади ҳосилот ба истеҳсоли афшура, истихроҷ ва маҳсулоти консервшуда меравад. Бисёре аз гирифторони аллергия медонанд, ки назар ба хӯрдани дигар меваҳои ин оила, лимӯ ва грейпфрут ба эҳтимоли зиёд аллергия меорад. Афлесуни турш аввал ба Аврупо аз ҷониби маллоҳони португалӣ тақрибан дар асри 10 ва афлесуни ширин танҳо дар асри 15 аз ҷониби тоҷирони генеус оварда шуд.
Бергамот ҳам як намуд дарахти меваи ситрусӣ мебошад. Меваҳои он нисбат ба лимӯ хеле турштар аст ва аз ин рӯ онро танҳо барои тайёр кардани чой ва атриёт истифода мекунанд. Ҳамасола дар ҷаҳон 14 миллион тонна лимӯ ҷамъ карда мешавад. Аксари ин меваҳои ситрусӣ дар Мексика ва Ҳиндустон ҳосили хуб медиҳанд. Мандарини навъҳои Вашингтон-навел тухмӣ надорад ва аз ин рӯ онҳо аз тариқи гардолудкунии дубора тавлид намешавад ва танҳо тавассути пайвандзанӣ дубора афзоиш меёбанд.
То ибтидои асри XVIII меваҳои ситрусӣ барои одамони оддӣ дастнорас буданд. Фақат дастурхони идонаи подшоҳонро оро медоданд. Аристократҳо афшураҳои ситрусӣ менӯшиданд, равғанҳои хушбӯйро аз ин меваҳо ҳосил карда ба пӯсташон мемолиданд, пӯстҳои хушки лимӯро ба либоси худ медӯхтанд, то накҳати хушаш ба атроф паҳн гардад.
Дарахтони меваҳои ситруси хеле дарозумранд, ки то 700 сол ҳам умр мебинанд. Грейпфрут («меваи ангур») номи худро аз он пайдо кардааст, ки меваҳои он дар шохаҳо хеле наздик-наздик мерӯянд ва аз дур ба ангурҳои калон монанданд. Дар Аврупо, лимӯ кайҳо боз чун як растании ороишӣ парвариш карда мешуд, дар Осиё, баръакс, лимӯ ҳам дар пухтупаз ва ҳам дар тиб истифода мешуд.
Пас аз накҳати шоколад ва ванил, бӯи афлесун ҳамчун гуворотарин дар ҷаҳон эътироф карда мешавад. Сарфи назар аз он, ки афшураи ситрусӣ маҷмӯи витаминҳо ва моддаҳои ғизоии тамоми меваҳоро дар бар мегирад, дар ҳоли тару тозагиаш меваро хӯрдан фоиданоктар аст. Чунки дар вақти фишурдасозӣ хеле аз бофтаҳои фоиданоки тани мева берун аз афшурааш афканда мешавад ва инчунин шакар ҳамроҳ карданашон таъми асили онро гум мекунад. Мандарин барои бартараф кардани ҳиқичоқ кӯмак мекунанд. Табобати гувороест, ҳамин тавр не?
Дар пӯст, барг ва тухмии меваҳои ситруси витаминҳо бештаранд. Лимӯ дандонҳоро ба таври комил сафед мекунад. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар коргоҳ пайдо кардани асбоби дандоншӯйи душвор аст, аммо як пора лимӯ ҳар вақт пайдо мешавад. Аз ҳамаи меваҳои ситрусӣ, танҳо грейпфрут ба кам шудани вазн мусоидат мекунад. Чаро мева чунин таъсире дорад? Гап дар сари он аст, ки организм барои ҳазми ин мева калорияҳои зиёдтар сарф мекунад, назар ба оне ки дар ниҳоят ба даст меояд. Аз афшураи меваи грейпфрут беҳад зиёд нанӯшед. Ба наздикӣ, олимон як кашфи ҳайратангезе карданд: дар якҷоягӣ бо баъзе доруҳо, истифодаи ин ситрусӣ метавонад ба марг оварда расонад. Аз ин рӯ ҳангоми тановули грейпфрут, ягон хел дору нахӯред.
Равғани эфирии лимон ҳамчун антидепрессант амал мекунад. Он на танҳо рӯҳияро беҳтар мекунад, балки дар маҷмӯъ ба системаи асаб таъсири судманд мерасонад. Афлесуни навъи Валенсия аз ҳама маъмул дар ҷаҳон аст.
Соима Саидӣ