Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия ба хабарнигорон иттило додааст.
Ба гуфтаи Ушаков, дар назар аст дар дидори раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили муҳими минтақавӣ баррасӣ шавад.