Рубрики Хабарҳо

Фишори мақомот бар хонаводаи фаъоли сиёсӣ ба хотири даъваташ ба озодии Бобои Дона

Мақомоти қудратии Тоҷикистон модари 66-сола ва бемори фаъоли сиёсиро зери фишору таъқиб қарор додаанд, то фарзандаш аз талаби озодӣ ба Бобои Дона даст кашад. 

Салим Султонзода, фаъоли сиёсӣ ва узви шӯрои Анҷумани озодандешони тоҷик бо пахши наворе аз таъқибу фишори мақомот бар модари пиру бемораш хабар дод. Ӯ мегӯяд баъди навори қаблиаш бо даъвати озодии Бобои Дона, мақомоти қудратии Тоҷикистон модари беморашро, ки аз ҷогаҳ хеста наметавонад, озор медиҳанд, то писараш аз ҳимоят аз мӯйсафеди зиндониро қатъ кунад. 

Ӯ гуфт модараш, ки 66 сол дорад ва ҳама умр ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи ноҳия кор кардааст, бемор аст ва бо мушкил ҳаракат мекунад, таҳдид шудааст, ки агар писараш аз даъватҳояш даст набардорад “ҳоли ӯ бадтар мешавад”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *