Конфронси байналмилалии Афғонистон дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи (27-28 ноябр 2018) ин ҳафта ба мизбонии Созмон милал муттаҳид ва бо ҳузури мақомҳои аршади давлати Афғонистон аз ҷумла Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ин кишвар дар мақари Созмони милали муттаҳид дар Женеваи Суис (Швейтсария) баргузор хоҳад шуд.
Созмони милали муттаҳид имрӯз эълом кард: беш аз 50 кишвар дар сатҳи вазир дар ин конфронс ширкат мекунанд. Ин як фурсати муносиб барои табодули назар миёни ҳомиён ва кӯмаккунандагони Афғонистон ва баррасӣ дар мавриди охирин вазъияти ин кишварро фароҳам мекунад.
Ба гузориши дафтари ҳайати муованати милали муттаҳид дар Афғонистон, ҳадафи ин конфронс ҳамбстагии ҷомеъаи байналмилалӣ бо мардум ва давлати Афғонистон барои барқарории сулҳ ва рифоҳ дар ин кишвар аст.
Дафтари ҳайати муованат ҳамчунин эълом кард, ки ин сездаҳумин конфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон аз соли 2001 то кунун ва меҳвари он талош барои густариши сулҳ дар ин кишвар хоҳад буд.
Ҳамчунин баррасии чолишҳо дар заминаи тавсеъаи иқтисодӣ ва ҷалби ҳимояти байналмилалӣ барои кӯмаки молӣ ва иқтисодӣ ба Афғонистон ва ҳамчунин эъломи ҳамбастагии ҷаҳонӣ бо мардум ва давлат дар масири расидан ба сулҳ ва субот дар ин кишвар ва таҳаққуқи рушд ва тавсеъа ва ислоҳот дар Афғонистон аз меҳварҳои муҳимми ин конфронси Женева хоҳад буд.
Ин конфронс фурсате барои арзёбии талошҳои давлати Афғонистон дар анҷоми ислоҳот ва тамдиди таъаҳҳудоти 15.2 миллиарддолларии ҳомиёни ин кишвар дар конфронси соли 2016-и Брюссел ба шумор меравад.
Тарафҳои байналмилалӣ тайи конфронсе дар соли 2011 рӯи барномаи «даҳаи таҳаввул» барои Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Тайи ин муддат, маблағи калоне аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон ваъда дода шуд, то ин кишвар ба худкифоӣ дар сол 2024 даст ёбад.
Конфронси вузарои умури хориҷаи давлатҳои ҳомии Афғонистон дар сол 2012 (Токио) ва 2016 (Брюссел)-ро метавон аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои байналмилалӣ дар бораи ин кишвар донист, то ҷое, ки тааҳҳуди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои солиён пас аз он ба беш аз 16 миллиард доллар расид.