Рубрики Хабарҳо

Мақомот кӯмакро мусодира карданд, хонаводаи зиндонӣ барои дору пул надорад

Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус дар зиндон ҳоли хубе надорад ва хонавода низ бинобар тангдастӣ наметавонанд ба ӯ кумак кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот чор моҳ қабл яке аз онҳоеро, ки ба хонаводаи зиндониён кӯмак мрасонд, боздошт карда буданд. 

25 июни соли ҷорӣ писари яке дигар аз зиндониёни сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ — Асрориддин аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар боздошт шуда буд. Дертар мақомот эълон карданд, ки ӯ барои расонидани маблағ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ боздошт шудааст. Аз ӯ маблағи 1200 долларро мусодиара намуданд.

Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигор ва фарзанди зиндонии  сиёсии дигар Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки яке аз мубтакирони ирсоли ин кӯмак будааст, мегӯяд қисмате аз ин маблағҳо барои хонаводаи Сайфуллозода пешбинӣ шуда буд. 

Аммо масъулини зиндонҳо гуфтаанд, ки саломатии Сайфуллозода хуб аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад, вале омодаанд то ҳадди имкон ба ӯ кумак кунанд. 

Ҳикматулло Сайфуллозода,  дар собиқ сухангӯи ҲНИТ ва масъули ҳафтаномаи ҳизбии «Наҷот» буд ва соли 2015 ҳамроҳ бо 12 узви Раёсати Олии ҲНИТ боздошт ва зиндонӣ шуд.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «он кас бемории фишорбаландӣ ва дил доранд, баъди гирифторшавӣ ба коронавирус дар аввали моҳи май то ҳол сиҳатияшон хуб нест. 

Ба гуфтаи хонум Сангинова, шароити молии хонаводааш хуб нест ва ӯ ба танҳоӣ ду писарашро дар хонаи иҷора бузург мекунад. Сангинова афзуд, барои доруҳои шавҳараш дар якмоҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ дар ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надоранд.

Манбаъи хабар менависад, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфт, вазъи сиҳатии Сайфуллозода хуб аст, вале ӯ ҳамзамон афзуд, ки дар маҳбас на ҳама доруҳо дастрас мебошад.

Мақомот Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-соларо дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва баъдан 16 сол равонаи зиндон кард. Мақомот он сол Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *