Раисҷумҳури Укроин мегӯяд давлаташ қодир аст барои зарба задан ба ишғолгарон, нерӯҳои мусаллаҳ дар хатти муқаддами набардро тақвият кунад. Бинобар гузоришҳо артиши Укроин ба нерӯҳои русӣ дар шаҳри ишғолшуда Донетск дар минтақаи Донбасс ҳамла кардааст.
Хабаргузории русии “ТАС” рӯзи ҷумъа 22 июл ба нақл аз манобеъи Ҷумҳурии худхондаи халқии Донетск гузориш дод, нерӯҳои мусаллаҳи Укроин ба ин минтақа, ки дар ишғоли низомиёни Русия аст ҳамла кардаанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Андрей Скурий, сарпарасти шаҳрдории Лисичанск дар минтақаи Луганск мегӯяд ин шаҳр дар заминаи ҳамлу нақли маводи ғизоӣ бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст.
Ӯ иллати ин вазъиятро тарконидани пулҳои иртиботӣ тавассути нерӯҳои укроинӣ ҳангомӣ ақибнишинӣ аз шаҳр унвон кард. Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ҳудуди се ҳафта пеш эълом кард, ки бо ишғоли шаҳри Лисичанск тамоми минтақаи Луганск ба тасарруфи нерӯҳои русӣ даромадааст.
Русия дар ҳудуди се моҳи ахир ҳамлаҳои худро рӯйи тасаллут бар кулли манотиқи Донетск ва Луганск мутамаркиз кард ва ба сурати пароканда ба шаҳрҳо ва манотиқи дигар низ ҳамла кардааст.
Омодагӣ барои зарба задан ба ишғолгарон
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин борҳо гуфтааст ба маҳзи дарёфти таслиҳоти мавриди ниёз аз Ғарб, нерӯҳои укроинӣ набард барои бозпасгирии манотиқи ишғолиро оғоз мекунанд.
Ӯ шомгоҳи панҷшанбе дар паёми видеоии рӯзонаи худ эълом кард дар нишасте бо ҳузури вазири дохила ва фармондеҳони низомӣ дар бораи вазъияти ҷабҳаҳои набард дар шарқи Укроин ва тақвияти нерӯҳои укроинӣ бо таслиҳоти ҷадид баҳс ва табодули назар шудааст.
Зелинский мегӯяд дар ин нишаст иттифоқи назар вуҷуд дошт, ки Укроин қобилиятҳои қобили мулоҳизае дорад то нерӯҳои худ дар хатти пеши ҷабҳаро омодаи пешравӣ ва ворид кардани зарботи сахт ба ишғолгарон кунад.
Мақомҳои укроинӣ борҳо гуфтаанд ҳар гуна музокира барои эъломи оташбас ва хотима додан ба даргириҳои низомӣ танҳо бо шарти хурӯҷи комили нерӯҳои русӣ аз манотиқи ишғолӣ аст.
Михаил Подоляк, мушовири раисҷумҳури Укроин рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ таъкид кард ин кишвар танҳо бо шароити худ хотимаи ҷангро мепазирад ва ҷанг танҳо замоне метавонад поён ёбад, ки ишғолгарон тамоми манотиқи ишғолиро тарк кунанд.
Таҳлили рафтани зарродхонаи мушакии Русия
Ҳудуди панҷ моҳ пас аз оғози таҷовузи низомиёни русӣ ба хоки Укроин, бархе баровардҳо ҳокӣ аз он аст, ки зарродхонаи артиши Русия ба шиддат кам шуда ва ин кишвар бахши бузурге аз мушакҳои худро аз даст додааст.
Бинобари гузоришҳо як мақоми иттилоотии артиши Укроин мегӯяд Русия беш аз ниме аз мушакҳои худро аз даст дода ва натавониста онҳоро ҷойгузин кунад.
Бар пояи арзёбии дастгоҳи иттилоотии вазорати дифоъи Бритониё, захоири мушакҳои замин ба замини артиши Русия мудом дар ҳолика шудан ҳастанд.
Онҳо мӯътақиданд ба ҳамин далел Русия беш аз пеш аз ракетҳои сомонаҳои зиддиҳавоии худ барои ҳамлаҳои заминӣ истифода мекунад, ки барои ин кор аз диққати лозим бархурдор нестанд.
Дар ҳамин ҳол бархе кишварҳои ғарбӣ аз афзоиши ирсоли таслиҳоти пешрафта ба Укроин хабар додаанд ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия нисбат ба хатарҳо ва паёмадҳои ин кор ҳушдор додааст.