Панҷ нафар, ки мехостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд бар асари бар сарашон афтодани дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад 4 нафраи онҳо кӯдакон будаанд.
Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, фоҷеа дирӯз, 24 июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух додааст.
“Панҷ нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд” — хабар медиҳад кумита.
Сокинони маҳаллӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварда ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд. “Танҳо яке марди болиғ буд, ки 45 сол дошт. Боқӣ ноболиғоне буданд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштанд”, — омадааст дар хабар..
Кумита аз сокинон хостааст “аз чунин корҳое, ки паёмадҳои нохубу нохӯш доранд, худдорӣ кунанд. Ҳаргиз набояд ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо тифлону наврасонро ҷалб намуд”.