Ҷо Байден раисҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе дар як суханронӣ талош кард нигарониҳо нисбат ба вазъияти низоми бонкии ин кишварро рафъ кунад.
Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар талош барои коҳиши нигаронӣ нисбат ба вазъияти низоми бонкии кишвараш гуфт “Амрико ҳар кореро, ки лозим бошад барои ҳифозат аз бонкҳои ин кишвар анҷом медиҳад.”
Пеш аз изҳороти Байден мақомоти ин кишвар эълом карда буданд, ки тамоми амонатҳои мавҷуд дар Silicon Valley Bank ва Signature Bank тазмин хоҳанд кард.
Ин ду бонк ҳафтаи гузашта варшикаста шуданд.
Давлати Амрико дар талош аст ҷилави ҳуҷуми мардум барои хурӯҷи амонатҳояшон аз бонкҳоро бигирад.
Silicon Valley Bank, ки шонздаҳумин бонки бузурги Амрикост ба ҳамин далел ҳафтаи гузашта варшикаста шуд.
Байден рӯзи душанбе гуфт амрикоиҳо бояд мутмаин бошанд, ки низоми бонкии Амрико эмин аст.
Ӯ афзуд аз рӯзи душанбе мардум ва соҳибони касбу коре, ки дар Silicon Valley Bank амонат доранд метавонанд ба тамоми андӯхтаҳои худ дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳазинаи ин иқдом бар ӯҳдаи молиётдиҳандагони амрикоӣ нахоҳад буд ва Байден гуфта иқдомоти давлат ба ҳамин ҷо мутаваққиф намешавад.
Рӯзи ҷумъа Silicon Valley Bank, ки кораш таъмини эътибор ва қарздиҳӣ ба ширкатҳои ҳавзаи фанноварӣ аст, тавассути созмонҳои назорат бар низоми бонкии Амрико баста шуд.
Ин бузургтарин мавриди варшикастагии як бонки амрикоӣ аз замони рукуди иқтисодии соли 2008 то кунун аст.
Silicon Valley Bank талош кард, ки бо ҷамъоварии пул, хисороти ношӣ аз фурӯши дороиҳои худро ҷуброн кунад. Хабари ин иқдом боиси нигаронии муштариёни ин банк шуд ва ҳуҷуми муштариён барои хориҷ кардани амонатҳояшон ба буҳрони ин бонк мунҷар шуд.
Рӯзи якшанбе мақомоти амрикоӣ контроли Signature Bank-и Ню-йоркро низ дар даст гирифтанд. Бисёре аз муштариёни ин бонк робитаи молӣ бо рамзарзҳо доштанд, ки ин бонкро бо сарнавишти мушобеҳи бо Silicon Valley Bank рӯ ба рӯ мекард.
Мақомҳои амрикоӣ барои эътимодсозии дубора шеваи тозаеро барои дастрасии бонкҳо дар шароити изтирорӣ ба пул роҳандозӣ кардаанд, ки қарзгирии бонкҳо дар шароити буҳрониро осон мекунад.
Бо ин ҳол нигаронӣ аз он аст, ки суқути ин ду бонк, ки дар пайи суқути Signature Bank рӯй дода, нишонаи вуҷуди мушкилоти бузургтаре бошад.
Канада контроли дороиҳои Silicon Valley Bank дар ин кишварро дар ихтиёр гирифта ва дар Бритониё низ бонки HSBC, шохаи ин бонкро ба маблағи як евро харидааст.
Пол Эшворт, аз муассисаи “Кэпитол экономикс” мегӯяд “мақомҳои амрикоӣ бо иқдоми қотеъ барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин мушкил ба бонкҳои дигар иқдом кардаанд, аммо мушкил инҷост, ки ҳамеша сирояти вазъ бештар ба тарсҳои ғайримантиқӣ дар бозор иртибот дошта, ба ҳамин далел таъкиди мо бар ин аст, ки ҳеҷ замонате бар муассир будани иқдоми давлати Амрико нест.”
“Наҷоти давлатӣ”
Иқдомоти тозаи давлат ин баҳсро дубора зинда кардааст, ки давлат то куҷо метавонад барои танзиму ҳифозат аз бонкҳои кишвар вориди амал шавад.
Байден рӯзи душанбе хостори вазъи муқаррароти сахтгиронатар шуд ва гуфт сармоягузорон ва бонкдорон аз паёмадҳои кори худ эмин нахоҳанд буд.
Тим Скотт сенатори ҷумҳурихоҳ, ки номаш ба унвони номзади эҳтимолии ин ҳизб барои интихоботи соли 2024 матраҳ аст иқдоми давлати Амрикоро мушкилсоз хонда ва гуфтааст “эҷоди фарҳанги мудохилаи давлат ба ҳеҷ ваҷҳ ҷилави вобастагии бонкҳо ба давлатро дар пайи рискҳои ифротӣ нахоҳад гирифт.”