Мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонӣ сӯхтори 18-уми май дар шаҳри Душанберо таҳқиқ карда, 4 нафарро бо гумони даст доштан дар он, боздошт кардаанд
Тибқи иттилоияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, таҳқиқи сӯхтор дар чоҳи амудии қубурҳои зеризаминии буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш муайян кардааст, ки он натиҷаи хунукназарии кормандони ширкати “Васл-саноат” мебошад
Тиллоев Умед Ҳабибуллоевич, мудири 38-солаи ширкати “Васл-саноат”, ки вазифааш таъмир ва тоза кардани иншооти хатарноки кимиёвӣ мебошад, ҳамроҳи се кормандаш барои тоза кардани зарфи гази моеъи ғунҷоишаш 25 ҳазор литр дар анборхонаи меҳмонхонаи “Хилтон” ҷалб шудаст.
Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Тиллоев ба зердастонаш супориш додаст, ки чумаки зарфи гази моеъро кушода, гази боқимондаро ба қубури партовҳо равон намоянд.
Дар натиҷа ин боиси олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сӯхтор гашта, 6 нафар шаҳрвандони роҳгузар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳрии №3 интиқол ёфтаанд.