Categories Хабарҳо

Шерзамонов ба иқдомҳои дастаҷамъонаи мухолифон ва фаъолон даъват кард

Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллӣ аз ҳаракатҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват кард ихтилофотро канор гузошта, барои ҳимоя аз “осебпазиртарин намояндагони ин миллат — зиндониён” талош кунанд.

Дар муроҷиъаташ ба фаъолони хориҷ аз Тоҷикистон Шерзамонов гуфт бояд “иқдомҳои дастҷамъонаро пиёда созем, то бо тамоми иқтидорамон талош кунем, ки ин қатли оми осебпазиртарин намояндагони ин миллат-зиндониёнро боз дорем”.

Ӯ изҳор дошт ин муроҷиъати шахсиаш аст ва худаш омода аст “дар ин набард ҳамчун як сарбоз дар қатори дигар бародарон ва хоҳарони мубориз” биистад.

Даъвате шабеҳ ба ҳаминро шоир ва рӯзноманигори шинохта Зафари Сӯфӣ кард. Ӯ навишт: Бояд даст ба дасти хам ва бо хамсадои мазлумияти миллатро ба гуши чахониён расонд! Марг бар диктатура!

Матни муроҷиъати Алим Шерзамонов ба шакли зер аст:

Ба ҳамаи ҳаракатҳои сиёсӣ ва афроди мустақили намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии тоҷики берун аз марзҳои муштаракулманофеъ муроҷиати бародарона.

Аз ҳамаи дӯстон даъват мекунам, ки дар ин рӯзҳои мудҳиш барои миллат тамоми мухолифатҳоро канор гузошта, иқдомҳои дастҷамъонаро пиёда созем, то бо тамоми иқтидорамон талош кунем, ки ин қатли оми осебпазиртарин намояндагони ин миллат — зиндониёнро боз дорем ва дар паи он саъй кунем, ки зиндониёни сиёсиро аз чанги ин Заҳок раҳо созем.

Ин муроҷиати шахсии банда ба тамоми муборизони тоҷик аст ва банда омодаам дар ин набард ҳамчун як сарбоз дар қатори дигар бародарон ва хоҳарони мубориз биистам. Боқӣ худо ёру мададгорамон бод.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *