Рубрики Хабарҳо

Имрӯз аз ғарқ шудани киштии «Титаник» 110 сол гузашт

Оё дар бораи садамаи бо киштӣ рухдода донистан мехоҳед? 

Дар рафти бунёди киштии Титаник, 246-тан коргар маҷруҳ гаштаанд. Дарозии киштии Титаник 269 метр, баландиаш 53 метр  ва вазнаш 52 ҳазору 310 тонна буд.  Баландии киштӣ баробари иншооти 20 ошёнагӣ буда, барои сохтани киштии мазкур  чуқурии маҳсуси ниҳоят бузурге канда буданд. 

То сохта ба истифодадодани киштӣ се соли расо вақт ва заҳмати 15 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои гуногуни меъморӣ лозим омад. Барои байни деворҳои оҳанӣ гузаронидани ҳар як мехи махсуси пайвасткунанда панҷ нафар одам дар давоми чор дақиқа  фурсат  меҳнат мекарданд.  Мехҳо тасфони сурхшуда буданд, ки девораҳои оҳаниро бар якдигар мепайвастанд. Аз як худи чунин намуд мехҳои бузурги оҳанӣ барои киштӣ 3 миллион адад масраф шудааст. 

Ҳамон рӯзе, ки киштиро ба об фароварданд, ҳашт нафар ба садама дучор шуда  вафот карданд. То ба об фаровардан роҳи сарнишебро бо 23 тонна равған ва собуни мое лағжонак сохта буданд, то киштии азимҷусса ба об фароварда шавад. Аз эҳтимоли  ҳалокати ба сари киштӣ меомада низ садҳо нафар ҳадс мезаданд, зеро ҳодисае то ба истифода додан рух дода буд, ки онҳо шоҳид буданд. Сабаби ғарқ шудани киштии Титаник на танҳо бархӯрдан ба пиряхи бузург ва шикастани қисмате аз он аст, балки дигар сабабҳо ҳам дорад. 

Муҳандиси киштӣ Томас Эндрюс дар рӯзи ба об фароварданӣ он бо ғуруру виқори беандоза  гуфта буд: ”Ин лоиҳаи мустаҳкамтарин аст ва агар Худо хоҳад ҳам, ғарқ карда наметавонад.”

Ҳанӯз то истифода чор рӯз боқӣ монда буд, ки дар яке аз хазинаҳои нигаҳдории сӯзишворӣ сӯхтор ба амал омад. Як муддат давом ёфтани сӯхтор оҳани девори онро то дараҷае ба гудозиш наздик ҳам овард, ки  қувваи чандирии худро як миқдор гум кард. Ҳангоми ба пирях бархӯрдани киштӣ низ, айнан ҳамин мавзеъҳои аз сӯхтор зарардида боз зарар диданд. 

Капитани киштӣ аз сӯхтори баамаломада комилан хабар дошт, аммо киштиро аз тарафе, ки сӯрохаш ба  мардум номаълум аст, ба соҳил наздик карданд. Изи сӯхтор ва ранги каме дигаргуншудаи он дар самти баҳр монд. Мутаасифона ба пирях низ айнан ҳамон ҷойи аз сӯхтор осебдидаи киштӣ бархӯрд.
Як дона чиптаи  сафариёни киштӣ аз 86 доллар то 30 ҳазор доллар нарх дошт.  Барои сафар тамоми ангишти дар конҳои ангишти шаҳр бударо харидорӣ карданд. Иқтидори борбардории киштӣ баробари 43 ҳазору 328 тонна вазн буд, яъне ба киштӣ ҳамин миқдор мавод гирифтан мумкин буд. Дар шӯъбаи почтаи киштӣ севуним ҳазор халтаи махсус мактуб буд,ки дар онҳо 300 ҳазор мактуб ҷой дошт. Бештари мардуме, ки дар ҳоли идона киштиро ба сафари аввалин мегуселониданд, ба он “Қасри шинокунанда” ном гузошта буданд ва бехабар аз он буданд, ки қасрро бо одамонаш ба сафари охират гусел карда истодаанд. Дар ресторани дохили киштӣ беҳтарин пазандаҳои даврро ҷалб карда буданд ва дар яхдонҳо зиёда аз 10 тонна маҳсулоти гӯштӣ, як тонна моҳӣ, 35  ҳазор дона тухм, се тонна помидор, 40 тонна картошка, 5 тонна шакар, ва хеле дигар маводи хӯрока захира шуда буд.
Дар ҳуҷраҳои махсус гулҳои зинда низ нигаҳдорӣ мешуд. Якчанд ҳуҷраи мусиқӣ, китобхона ва толори бузурге барои мутолиаи китоб, ҳавзи шиноварӣ ва варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ҳатто бо ҳуҷраи ҷарроҳӣ, салони ороиши бо беҳтарин машшотаҳо ва ғайраву ҳоказои дигар ин ҳама дар дохили  киштии  Титаник  ҷиҳозонида  шуда  буд.  Ҳатто барои сагҳо мавзееро барои сайругашту зиндагиашон омода сохта буданд. Дар киштӣ 2208 нафар мусофирон буданд. Киштӣ бояд бо суръати 33 километр дар як соат шино мекард, аммо суръатро тезонида 46 километр дар як соат шино карданд.  Бо ана ҳамин сабабҳо  киштии овозадори Титаник шаби 15-уми апрели соли 1912 ба садама дучор мешавад. Дар натиҷа аз 2208 мусофири киштӣ  зиёда аз 1500 нафари  он ба ҳалокат мерасад. 

Томас бисёриҳоро ба киштиҳои хурд шинонда наҷот дод, аммо чун ихтирои кардааш ба садама дучор шуд, худро низ ба об афканда , ҳалок шуд.  Охирин мусофир ва шоҳиди воқеа , ки дар он вақт 2,5 сол дошт, дар синни 97-солагӣ, соли 2009 мефавтад. 

Дар бораи Титаник шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ  шеъре дорад бо номи “Сафина”. 

Тахмин меравад, ки дар дохили Титаники ғарқшуда ҳамаи  рубоиёти бо дасти худ навиштаи Умари Хайёми Нишопурӣ ва чандин китобҳои нодири илмиву адабии  форсҳо вуҷуд дошт. Инчунин сарвати зиёде дар он киштӣ буд, ки то ҳанӯз пайдо накардаанд. 13 ҷуфт оилаи навбунёд бо ин киштӣ ба моҳи асал равона буданд.  Бо гузашти 73 сол боқимондаҳои киштиро пайдо карданд, ки ғайри оҳанпораҳои зангбаста чизе дигар набуд. 

Баъди як моҳи ғарқ шудани Титаник филми аввалин дар бораи он ба навор гирифта шуд, ки дар он филм ҳунарпешаи шоҳиди воқеа иштирок кардааст. Дар киштӣ 12 адад саг ҳам буд, ки 3-тояш наҷот ёфт. 

Кейт Уинслет дар нақши асосии филми Титаник иштирок кардааст ва суруде, ки ҳангоми ғарқшавии кишти шунида буд, хеле бад мебинад. Ҳатто шунидани ин суруд дар дилаш ҳароси ғарқшавиро пайдо мекунад. 

Аз 30 нафар механикҳои киштӣ ягон кас зинда намемонад, чунки аввал бояд дигаронро наҷот медоданд. Худашон бошад вафот карданд.  Ҳаминро ҳам бояд қайд кунем, ки пиряхе, ки ба он Титаник бархӯрда буд, зиёда аз 2000 сол боз вуҷуд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *