Дар се моҳи аввали соли 2022 ҳудуди 16 ҳазор нафар аз барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ба Русия (государственная программа по переселению соотечественников в Россию) баҳра бурдаанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон аз Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд.
Ба гуфтаи ин вазорат, шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон аз ин барномаи давлатӣ бештар аз дигарон истифода кардаанд. Камтар аз ин кишварҳо шаҳрвандони Узбекистон, Молдова, Қирғизистон ва Озарбойҷон низ аз ин барнома истифода карда, ба Русия кучидаанд.
«Дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳудуди 27 ҳазор нафар ҳамватанон хоҳиши кӯчидан ба Федератсияи Русияро барои истиқомати доимӣ хоҳиш карда, арзи ҳудуди 16 ҳазор нафар қонеъ карда шудааст», — хабар медиҳад ВКД Русия.