Рубрики Хабарҳо

Таҳаввулоти ахир дар Эрону Афғонистон вориди марҳалаи хатарноке шудааст

Дар пайи ҳамла ба 3 рӯҳонӣ ва кушта шудани ду нафар аз онҳо дар шаҳри Машҳад мавҷе аз вокунишҳои умуми алайҳи муҳоҷирони афғон дар Эрон ба роҳ афтода ва вориди марҳалаи хатарноке шудааст. 

Таниш байни Эрон ва Афғонистон дар пайи ҳамла ба 3 рӯҳонӣ ва кушта шудани ду нафар аз онҳо дар шаҳри Машҳад, миллионҳо муҳоҷири афғонро дучори тарс ва ваҳшат карда ва алфози нажодпарастона нисбат ба онҳо низ зиёд бар иллат шудааст. 

Ин ҳодиса боиси афзоиши таниш ва ихтилофот байни ҷомеъаи эронӣ ва афғон шуд ва чанд рӯз баъд сафорат ва консулгарии Эрон дар Афғонистон мавриди ҳамлаи мӯътаризони афғон қарор гирифт. Дар Эрон низ баҳсҳо дар хусуси наҳваи бархурд ва таомул бо муҳоҷирони Афғонистони ҳамчунон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо идома дорад. 

Ба фосилаи кӯтоҳе аз ҳаводиси Машҳад, мавҷи интишори видеоҳое дар бораи “озори муҳоҷирони афғонистонӣ аз сӯи эрониҳо” ва “озору азияти эрониҳо ба вижа занон аз сӯи афғонистониҳо” падидор шуд. Ду тараф якдигарро ба бадрафторӣ муттаҳам мекунанд. Масъулони аршади эронӣ мегӯянд видеоҳое, ки ахиран дар фазои маҷозӣ мунташир шуда ё “сохтагӣ” аст ё “таърихи онҳо марбут ба чанд соли гузаштааст”. 

Шуморе аз мардум дар Ҳирот дар эътироз ба “бадрафторӣ бо муҳоҷирон” дар муқобили консулгарии Эрон дар ин шаҳр таҷаммӯъ ва ба самти сохтмони он санг партоб карданд сипас бо шиллики ҳавоии Толибон мутафарриқ шуданд. Дар Кобул, теъдоди зиёде аз шаҳрвандон рӯзи душанбеи гузашта дар эътироз ба “рафтори тавҳиномез” бо муҳоҷирони афғон дар Эрон, муқобили сафорати ин кишвар таҷаммӯъ карданд. 

Саид Хатибзода,сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин эътирозот аз мақомоти Толибон хост то амнияти сафорати Эрон ва намояндагиҳои онро тазмин кунанд. Вай дар баёнияе эълом кард: “Бархе талош мекунанд мавҷи Эронҳаросиро дар Афғонистон эҷод кунанд ва аз зарфияти фазои маҷозӣ истифода кунанд то воқеиётро табдил ба муҷоз кунанд ва дар зеҳн ва ҷони азизон дар Афғонистон мунтақил кунанд ё бархе дар дохили Эрон мавҷи Афғонистонҳаросӣ эҷод кунанд”. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон низ ҳамла ба уламои эрониро маҳкум кард ва гуфт: “Ин рабте ба афғонҳо ва Афғонистон надорад”. 

Мавлоно Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи аҳли суннати шаҳри Зоҳидон низ бо интишори паёми видеоӣ, Эрон ва Афғонистонро ду кишвар дорои муштарикоти таърихӣ ва фарҳангӣ хонд ва афзуд: “Вақте фарде коре анҷом медиҳад, натоиҷи он ба як миллат барнамегардад, бояд баррасӣ шавад, ки ӯ (муттаҳам) ҷунун ё девонагӣ дошта ё ба ҷараёни ифротӣ вобаста буда, ё чӣ чизе сабаб шуда, ки ӯ даст ба чунин коре бизанад. Мо интизор дорем, ки дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилооти ҳаводиси Гулистон ва Машҳадро решаёбӣ кунанд”. 

Баҳодур Аминиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон ҳам мақомҳои Кобулро муқасири вазъияти кунунӣ тавсиф кард ва ба “Эрон Пресс” гуфт, ки “мутаассифона онҳо натавонистанд абъоди манфии тавтеаи тарроҳишудаи душманонро зидди ду миллати Эрон ва Афғонистон контрол кунанд.” 

Аз тарафи дигар, 9 апрел Толибон масъулони сафорати Эрон дар Кобулро ба далели бадрафторӣ бо муҳоҷирони афғон эҳзор кард. Ҳамчунин вазорати хориҷии Толибон аз дидори Файзуллоҳ Носирӣ, мақоми аршади ин вазоратхона бо масъулони сафорати Эрон дар Кобул хабар дод. 

Дар баёнияе, ки дар ин робитае мунташир шуд, бидуни ишора ба ҳодисаи Машҳад гуфта шудааст, дар бораи “бархурди нодуруст”-и полиси Эрон бо паноҳҷуёни Афғонистон бо масъулони сафорати Эрон дар Кобул сӯҳбат ва аз онҳо хоста шуда, “нигарониҳои мардум ва ҳукумати Афғонистон”-ро ба мақомҳои баландпояи Эрон бирасонанд. 

Вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбе 12 апрел аз “адами фароҳам овардани шароити лозим барои таъмини амнияти намояндагиҳои дипломатик, ки вазифаи кишвари мизбон аст” ибрози нохурсандӣ кард ва бо ишора ба музокироти ахири худ бо сарпарасти вазорати хориҷаи ҳайати ҳокими муваққати Афғонистон дар Чин, таъкид кард, ҳифзи комили амнияти маконнҳои дипломатики Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ӯҳдаи ҳайати ҳокими кунунии Афғонистон аст ва бояд нисбат ба таарруз ба сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии кишварамон дар Ҳирот тавзеҳ диҳанд. 

Ҳамчунин дар ҳамон рӯз, Ҳусайн Раҳимӣ, фармондеҳи интизомии пойтахти Эрон гуфт: “Атбоъи кишвари Афғонистон меҳмонони азизи мо ҳастанд ва эҳтиром ба ин афрод ва таъмини амнияти онон аз вазоифи мо аст. Мо ҳеҷ мушкили хоссе дар робита бо атбоъи бегона надорем ва ҳама чиз таҳти контрол аст”. 

Дар идома, Сайидрасул Мусавӣ, мудири кулли Осиёи ҷануби вазорати умури хориҷии Эрон бо иҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон, нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар Ҳирот ба шиддат эътироз карда ва бо ёдоварии масъулияти давлатҳо дар барқарории амнияти намояндагиҳои дипломатик хостори бархурди қонунӣ бо ҳамлакунандагон ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *