11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 20.04

Ширкати фаромиллии Stellantis  истеҳсоли мошинҳояшро дар коргоҳи шаҳри  Калуга ба далели мушкилоти логистикӣ ва таҳримҳо алайҳи Маскав мутаваққиф кардааст. Ширкат тавзеҳ додааст, ки Stellantis  ин иқдомро бо дарназардошти  ҳифзи кормандони худ мегирад. 

Мошинҳои Peugeot, Citroen, Opel, Fiat ва Jeep дар PSMA Rus дар Калуга ҷамъ карда мешаванд. Stellantis дар фурӯши мошини тамғаҳои зерин  низ ширкат дошт.

Stellantis , як ширкати  фаромиллии мошинсозӣ,  соли 2021 дар натиҷаи муттаҳидшавии шарикони мошинсози  итолиёвию амрикоӣ Fiat Chrysler Automobiles бо ширкати фаронсавии Groupe PSA таъсис ёфтааст. Мошинҳои тамғаи  Abarth, Alfa Romeo, Chrysler, Citroën, Dodge, DS Fiat, , Lancia, Maserati, Opel, Peugeot, Ram Trucks ва Vauxhall истеҳсоли ҳамин ширкатанд.

***

Вебсайти рӯзномаи «Правда»-и Братислава хабар дод, ки Словакия метавонад истехсоли гази табииро дар манотиқи худ 10 баробар зиёд кунад. Кишвар хар сол кариб панч миллиард метри мукааб газ истеъмол мекунад. Ҳоло 85-87% талаботи Словакия ба гази табииро Русия таъмин мекунад. 

***

Александр Лукашенко  нишасти густурдаеро  дар боби ҳифзи қонун дар кишвар баргузор кард. Дар ҷаласа роҳбарони тамоми вилоятҳо ва мақомоти давлатии Минск, ҳокимон, додситонҳо, Кумитаи тафтишот, Раёсати корҳои дохилӣ ва Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ширкат доштанд.

Дар ин нишаст  Лукашенко ошкоро таҳдид кард онҳое, ки мехоҳанд сулҳу оромӣ дар Беларусро халалдор кунанд, сарашонро аз тан ҷудо мекунад. Дар ин бора аз гуфтори раисҷумҳури Белорус хабаргузории БЕЛТА нақли қавл кардааст

***

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бо ҳамтои исроилиаш Итшак Гертсог гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора раҳбари Туркия дар саҳифаи расмии худ дар Твиттер хабар додааст.

Эрдуғон аз ҳодисаҳое, ки аз оғози моҳи Рамазон дар соҳили Ғарб ва Масҷиди Ал-Ақсо рух дод ва  дар он 18 фаластинӣ, аз ҷумла ноболиғон кушта ва беш аз 400 нафар захмӣ шуданд, изҳори таассуф кард.

Сарони Туркия ва Исроил дар бораи масоили минтақавӣ ва вазъи равобити дуҷониба табодули назар карданд.

***

Ба гузориши ТАСС, ҳукумати Суид (Шветсия) қасд дорад ба идораи муҳоҷирати ин кишвар барои хароҷоти марбут ба пазироии паноҳҷӯёни украинӣ беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кунад. 

Қаблан Майкл Риббенвик, раиси бахши муҳоҷират гуфта буд, ки шумори паноҳҷӯёни украинӣ дар ин кишвар 29 000 нафарро ташкил медиҳад, ки 22 000 нафари онҳо аллакай иҷозаи иқомат гирифтаанд. 

***

Шойгу давоми  3 ҳафтаи ахир бори аввал дар бораи ҷанг дар Украина изҳори назар кард.  Ӯ гуфт, артиши Русия нақшаи «озод» кардани ҶХЛ ва ҶХД ро  дар чаҳорчӯби «амалиёти махсус» дар Украина пайваста амалӣ мекунад. 

Ҳамзамон раиси вазорати дифои Русия кишварҳои ғарбиро барои хоҳони тамдиди ҷанг дар Украина буданашон  маҳкум кард.

Бояд гуфт, ки  Сергей Шойгу  бори охир дар бораи «амалиёти низомӣ»-и рӯзи 29 март изҳори назар карда буд ва давоми моҳи апрел ин бори аввал аст.

***

«Манчестер Юнайтед» дар 129 соли охир, бори аввал бадтарин натиҷаро дар Лигаи олии Англия ба қайд расонд. «Ливерпуль» дар даври 30-уми чемпионати Англия бар «Манчестер Юнайтед» бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

Дар даври аввали Лигаи олии имсола дар моҳи октябри соли 2021 «Ливерпул» бар «Манкунианҳо» бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар он бозӣ Оле-Гуннар Сулшер сармураббии тими  «иблисҳои сурх» буд. Дар бозии дуюм даста бо рохбарии Ральф Рангник ба майдон баромад.

Баъди ду бозӣ мерсисайдҳо бар Манчестер Юнайтед бо ҳисоби 9:0 пирӯз шуданд. Ин бадтарин натиҷаи мағлубият тайи 129 соли чемпионат барои манкунииён аст.

***

Пулиси Шри-Ланка ба сӯи тазоҳуркунандагон, ки ба болоравии қимати маводи сӯхт эътироз мекарданд, тир кушодааст

Дар ин ҳодиса як нафар кушта ва беш аз 10 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳоле ки эътирозгарон аз тасмими дубора боло бурдани қимати маводи сӯхт эътироз карданд, бо нерӯҳои амниятӣ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст ва пулис ба сӯи мардум тир кушод. Пас аз ин ҳодиса сокинони маҳаллӣ идораи пулис дар Рамбукканаро иҳота карда, ба сӯи бино сангборон карданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *