Categories Хабарҳо

Кушта шудани 300 нафар дар даргирӣ байни Доъишу Толибон

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон эълом карданд, дар даргириҳои ду ҳафтаи ахир байни ду гурӯҳи Толибон ва Доъиш дар вилояти Ҷузҷон, 300 нафар аз ҳарду тараф кушта шудаанд.

Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи волии Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон эълом кард, “дар даргирӣ миёни Толибон ва Доъиш 300 тан аз тарафайн, аз ҷумла Ҳоҷӣ қумондон, муовини саркардаи ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон кушта шудааст.»

Ғафурӣ ҳамчунин изҳор дошт:  «рузи душанбеи гузашта Ҳоҷӣ Шокир, фармондори худхондаи Толибон дар шаҳристони Сончорки вилояти Сари пул дар Дарзоби Ҷузҷон кушта шудааст. Фармондеҳи умумии Толибон дар Сари пул низ дар даргириҳои Ҷузҷон шадидан осеб дида аст»

Ба гуфтаи вай гурӯҳи Доъиш дар даргирӣ бо Толибон тазъиф шуда ва муҳиммоти он низ дар ҳоли итмом аст. Аммо гурӯҳи Толибон аз самти вилоёти ҳамсоя ҳимоят мешавад.

Вазорати дифоъи Афғонистон низ имрӯз эълом кард, ки дар амалиёти ҳавоии чанд рӯзи гузашта алайҳи мавозеъи Доъиш ва Толибон дар Ҷузҷон беш аз 100 тан аз ду тараф кушта шудаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *