11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Шанхай дар сахттарин карантин аз замони шуйӯъи коруно ба сар мебарад

Чин дар ҳоли ҳозир бо яке аз бадтарин шуйӯъҳои маҳаллии худ аз замони оғози ҳамагири вируси коруно дар авохири соли 2019 рӯбарӯст ва барои контроли авзоъ, тадобири бисёр сахтеро ба вижа дар Шанхай, шаҳре, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсад мубталиёни ҷадид дар он ҷо сокинанд ба иҷро гузоштааст, иттилоъ медиҳад Евронюз. 

Аммо иҷрои ин тадобир, ранҷи сокинонро, ки қалби фаъолиятҳои иқтисодии ин кишвар маҳсуб мешавад низ ду чандон кардааст. 

Ин шаҳри 26-миллионнафарӣ аз 28 март дар карантин аст. Ҳама сокинони шаҳр маҷбур ба мондан дар хонаҳояшон ҳастанд ва дар сурати мусбат шудани натоиҷи тестҳое, ки ба таври анбӯҳ ва иҷборӣ баргузор мешавад, фарди олуда ба суръат аз хонавода ҷудо шуда ва ба макони дур ва баста мунтақил мешавад. 

Он чи масъулони шаҳр бар он исрор доранд, нигаҳдории ҳама афроде, ки тести мусбати коруно доранд дар макони комилан баста аст. Чӣ аломатҳои ибтилоро дошта бошанд ва чӣ ҳеҷ нишонае аз беморӣ надошта бошанд. 

Ин шароит ба вижа барои беморони солманд бисёр сахт аст. Зеро онҳоро аз марказҳое, ки ба таври маъмул нигаҳдорӣ мешаванд ба марказҳои ҷадид мунтақил мекунанд ва ба ҷойи тимҳои пизишкие, ки ба таври маъмулӣ масъул нигаҳдорӣ аз онҳо ҳастанд, тимҳои комилан ҷадид ва бегона бо вазъияти онҳо ба кор гумошта мешаванд. Ин мавзӯъ боис шуда, ки солмандони бисёре на ба далели ибтило ба коруно балки ба далели бетаваҷҷӯҳии аъзои тими муроқибати ҷадид ҷони худро аз даст бидиҳанд. 

Дар Шанхай иҷозаи карантини хонагӣ дода намешавад ва сахтгириҳои масъулон то ба онҷост, ки ҳатто кӯдакони мубтало ба Ковидро аз волидайнашон ҷудо мекунанд. 

Ин сахтгириҳо дар ҳоле аст, ки бино бар гузоришҳои давлатӣ, аз ибтидои моҳи март то 9 апрел яъне дар муддате беш аз якмоҳ, ҳудуди 180 ҳазор нафар дар ин шаҳр ба вируси коруно олуда шудаанд ва 96 дарсад аз мубталоиён низ ҳеҷ кадом аз аломатҳои ибтилоро надоштаанд ва дар ҳамин давра ҳеҷ марге низ гузориш нашудааст. 

Ҳамакнун дар ин шаҳр бархе мадорис ва муҷтамеъҳои опортмонӣ ҳатто салонҳои баргузории намоишгоҳ ба марокизи нигаҳдорӣ аз мубталоиён ба коруно табдил шудаанд. Мақомоти шаҳр ҳафтаи гузашта эълом карданд, ки беш аз 60 марказ аз ин дастро барои нигаҳдорӣ аз мубталоиён ба Ковид роҳандозӣ ва даҳҳо ҳазор тахтихоб ҷадидро дар беш аз 100 бемористон муваққат омода кардаанд. 

Давлат иддао мекунад, ки дар ин марокизи баста ҳама имконоти мавриди ниёзи беморон вуҷуд дорад ва дар гузориши расонаҳои давлатӣ низ утоқҳои бемористонҳо бо ҳадди аксар се бемор дида мешавад. Аммо мубталоёне, ки ба вижа дар салонҳои намоишгоҳе нигаҳдорӣ шудаанд, пас аз беҳбудӣ эълом карданд, ки маҷбур шуданд давраи дармонро дар канори ҳазорон бегона дар салонҳои бузург ва бидуни девор ва фазои ҷудокунанда бигузаронанд. Он ҳам дар ҷое, ки ҳатто душе барои шустушӯ вуҷуд надошта ва чароғҳо дар тамом соъоти шабонарӯз равшан будааст. 

Дар ҳоле, ки карнитин вориди севумин ҳафтаи худ мешавад, сиёсатҳои сахтгирона боис шуда, ки эътирозоти сокинони шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзоиш ёбад. Бисёре аз онҳо аз камбуди маводи ғизоӣ он ҳам дар вазъияте, ки маҷбур ба мондан дар хона ҳастанд мегӯянд ва ҳатто бархе эълом кардаанд, ки маъмурони давлат ҳайвоноти хонагии онҳоро ба далели ибтилои яке аз аъзои хонавода ба Ковид куштаанд. 

Агарчи мақомоти шаҳр масъули расонидани ғизо ва дигар ниёзҳои аввалия ва рӯзонаи сокинон ва иртибот бо онҳо аз тариқи системҳои онлайн ҳастанд, аммо бисёре аз сокинон мегӯяанд, ки натавонистаанд супоришоти ғизоии худро бигиранд. 

Таниши Чин ва Америка бар сари Шанхай 

Чин ҳамчунон ба рӯйи сафарҳои байналмилалӣ бастааст, он ҳам дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба думболи роҳҳое барои зиндагӣ бо ин вирус ҳастанд. 

Сахтгириҳои беш аз ҳад барои муқобила бо шуйӯъи вируси коруно дар ин кишвар боис шуд, ки Иёлоти муттаҳида ба шаҳрвандонаш дар бораи сафар ба Гонконг ва Чин ва ба таври вижа ба Шанхай ҳушдор диҳад ва консулгарии Иёлоти муттаҳида дар Шанхай низ ба дипломатҳои ғайри зарурии худ иҷоза диҳад, ки “довталабона” ин шаҳрро тарк кунанд. 

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳида ҳамчунин дар бораи иқдомоти “худсарона”-и мақомоти маҳаллӣ бо номи мубориза бо Ковид ва хатари ҷудо кардани фарзандони атбоъи Амрико аз волидайнашон ҳушдор дода шудааст. 

Судури чунин ҳушдории вокуниши Пекинро барангехт ва вазорати хориҷаи Чин зимни дифоъи дубора аз сиёсати “Ковид сифр” ва “стратегияи илмӣ ва муассири Чин дар контроли ин ҳамагирӣ”, Вашингтонро ба тарҳи “иттиҳомоти беасос” алайҳи ин кишвар муттаҳам кард. 

Афзоиши эътирозот боис гардид то дар ниҳоят мақомоти Шанхай рӯзи шанбе эълом кунанд, ки пас аз анҷоми даври ҷадиде аз тестҳои анбӯҳи коруно, иқдомоти сахтгиронаро дар манотиқе, ки “ҳеҷ мавриди ҷадиди ибтило дар 14 рӯз гузашта” надошта бошад, ҳазф хоҳанд кард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *