Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти майдони ҷанги Русия алайҳи Укроин ба назар мерасад, ки набарди Мариупол ба ҳассостарин рӯзҳо, балки соатҳои худ расидааст.
Фармондеҳи гардон Азов, ки аз охирин мудофеъони Мариупол аст, рӯзи гузашта дар каналтелеграми худ навишт, ки “шароит ба шиддат сахт, балки фоҷиабор” шудааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Укроин, ҳудуди ҳазор нафар, умдатан зану кӯдак дар корхонаи оҳангудозии Мариупол гир афтодаанд.
Муовини нахуствазири Укроин низ рӯзи гузашта эълом кард, ки долонҳои башардӯстона барои баровардани ғайринизомён аз Мариупол “он тавр, ки барномарезӣ шуда буд кор накард”.
Ҳамзамон Русия амалиёти низоми худро дар шарқи Укроин густариш додааст ва талош мекунад то минтақаи Донбассро ба таври комил ба ишғол худи дароварад. Ба гуфтаи фармондори Луганск, дар шарқи Укроин “шароит ҳар соат сахттар мешавад.”
Дар ҷануби Укроин ҳам шароит мушобеҳи ҳоким аст. Ба гуфтаи хабарнигори хабаргузории Фаронса, дар рӯзҳои ахир бар шиддати бомбаборони ин минтақа афзуда шудааст.
Охирин ахбор ва гузоришҳо аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроинро дар рӯзи 21 апрел, дар ин сафҳа думбол кунед.
10:18
Путин ҳамла ба минтақаи саноъатии “Азовсал”-ро лағв кард
Владимир Путин дар як нишасти хабарӣ дар Кремл хитоб ба вазири дифоъи Русия таъкид кард, ки ҳамлаи пешниҳодӣ ба минтақаи саноъатиро ғайризарурӣ медонад. Ў ҳамчунин ба Сергей Шойгу дастур дод, ки барномаи ҳамла ба ин минтақа лағв шавад.
Раисҷумҳури Русия далели ин тасмимро тамоюл ба ҳифозат аз ҷони сарбозони русӣ донист. Ў дар идома бо баёни ин ки ниёзе ба боло рафтан аз ин зинаҳо ва хазидан дар зери замин аз тариқи ин таъсисоти саноъатӣ нест, гуфт: “ин минтақа саноъатиро масдуд кунед, то ҳатто як паранда ҳам натавонад аз он убур кунад.”
Путин ҳамчунин хитоб ба ҷангҷуён укрринии боқимонда дар “Азовстал” ки ҳанӯз таслим нашудаанд гуфт, ки Русия бо онҳо бо эҳтиром рафтор хоҳад кард ва ба маҷрӯҳон кумакҳои пизишкӣ ироа хоҳад кард.
10:22
Путин хитоб ба неруҳои рус: тавре минтақаи “Азовстал”-ро масдуд кунед, ки ҳатто як паранда ҳам натавонад фирор кунад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ибрози хурсандӣ аз ишғоли шаҳри бандарии Мариупол дар Украина аз неруҳои артиши худ хост тавре минтақаи саноъатии “Азовстал”-ро муҳосира ва масдуд кунанд, ки ҳатто як паранда ҳам натавонад аз онҷо фирор кунад.
Пештар Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба иттилоъи раҳбари ин кишвар расонда буд, ки неруҳои рус тавонистаанд шаҳри бандарии Укроинро таҳт контрол худ дароваранд. Бо ин ҳол дар минтақаи саноъатии корхонаи “Азовстал” ҳамчунон беш аз 2 ҳазор нерӯи низомии укроинӣ ҳузур доранд.
Вазир дифоъи Русия, дар ҷаласа бо путин ба ӯ гуфт, ки неруҳои русӣ барои тасарруфи ин минтақаи саноъатӣ ба 3 то 4 рӯз замон ниёз хоҳанд дошт. Ў ҳамчунин ба раисҷумҳури Русия итминон дод, ки ин минтақа аз сӯи неруҳои рус масдуд шудааст.
09:30
Неруҳои Русия контроли Мариуполро дар ихтиёр гирифтанд
Вазорати дифоъи Русия бо интишори баёнияе эълом кард, ки артиши ин кишвар контроли Мариупол, ба истиснои корхонаи оҳангудозиро дар ихтиёр гирифтааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “озодӣ”-и Мариуполро “як пирӯзӣ” хонд ва дастури муҳосираи корхонаи оҳангудозиро содир кард.
Ба гуфтаи мақомоти Укроин наздик ба ҳазор ғайринизомӣ ва теъдоде аз неруҳои мудофеъи шаҳр дар ин корхона паноҳ гирифтаанд.
08:51
Нахуствазири Испониё ба ҳамроҳи ҳамтои даниёияш вориди Киев шуданд
Педро Санчес, нахуст вазир Испания ва Метте Фрередриксен, ҳамтои даниёияш бомдоди панҷшанбе вориди Киев, пойтахти Укрин шуданд. Ин ду қарор аст ба зудӣ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дидор кунанд.
Санчес пеш аз ин гуфта буд, ки дар дидор бо Зеленский бар “тааҳҳуд маҳкам ва равшани Аврупо» барои ҳимоят аз сулҳ таъкид хоҳад кард.
08:37
Чаҳор мусофирбари ҳомили ғайринизомиён аз Мариупол хориҷ шуд
Мақомоти Укроин рӯзи панҷшанбе эълом карданд, ки чаҳор автобуси ҳомили ғайринизомиён Мариуполро тарк карданд. Ба гуфтаи муовини нахуствазири Укроин амалиёти тахлияи Мариупол дар рӯзи панҷшанбе идома хоҳад дошт.
Ба таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти майдонӣ ба назар мерасад шаҳри бандарӣ пас аз 2 моҳи муҳосира ба зудӣ суқут кунад.
Пеш аз ин Маскав аз “охирин мудофеъон” хоста буд силоҳҳои худро замин бигузоранд.