Дар Русия пешниҳод шуд, ки агар шахс дорои амволи ғайриманқул бошад, иҷозаи иқомат дода шавад
Лоиҳаи қонуне ба Думаи давлатии Федератсияи Русия пешниҳод шудааст, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ бидуни гирифтани РВП (иҷозатномаи иқомати муваққатӣ), агар шахс дар Русия амволи ғайриманқули манзил дошта бошад, ВНЖ (иҷозаи истиқомат) дарёфт мекунад.
Тавре сомонаи molbulak.ru маълумот додааст, тарҳи қонунро Константин Затулин, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо шаҳрвандони Русия дар хориҷ таҳия кардааст.
Ба гуфтаи Затулин, қабули қонун ба «қатъи нақзи оммавии ҳуқуқи муҳоҷирон аз рӯи шартномаҳое, ки дар Русия манзили шахсии худро доранд, мусоидат хоҳад кард.»
Тавре дар тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр шудааст, додани иҷозаи иқомат ба хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия манзили шахсии худро доранд, имкон медиҳад, ки ба зудӣ кафолатҳои иҷтимоӣ ва кӯмаки тиббиро пурра ба даст оранд, нафақаи худро дар Русия сабти ном кунанд.
Аз ин пеш охири соли гузашта, Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия хабар дода буд, тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси хариди амволи ғайриманқул, сармоягузорӣ ва тиҷорат шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд муҷаввизи иқомат бигиранд ва дар оянда барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.
Гуфта мешуд, то ҳол ин механизмҳо пурра кор карда нашудаанд. Ҳадди ақали арзиши манзил ва андозаи саҳми сармоягузорӣ муайян карда нашудааст.
Қобили зикр аст, ки иҷозат барои иқомат тавассути сармоягузорӣ дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ маъмул аст, аммо барои Русия ин таҷрибаи нав мебошад.
Бо ин тасмим Русия умедвор аст, ки дар ояндаи наздик барои хориҷиён гирифтани иҷозати истиқомат бо харидани амволи ғайриманқул ва сармоягузорӣ ба як амали маъмулӣ табдил меёбад.