Сандуқи байналмилалии пул бо интишори тозатарин гузориш арзёбии худ аз вазъияти иқтисодии ҷаҳон эълом кард, ки паёмадҳои ҷанги Укроин ва ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар мӯҷиби коҳиши қобили таваҷҷуҳи рушди иқтисодии ҷаҳон дар соли ҷорӣ ва боло рафтани сатҳи умумии қиматҳо хоҳад шуд.
Ин ниҳоди байналмилалӣ пешбинӣ кард, ки рушди иқтисодии ҷаҳон аз 6.1 дарсад дар соли 2021 ба 3.6 дарсад дар солҳои 2022 ва 2023 коҳиш меёбад, ки ин сатҳ ба тартиб 0.8 ва 0.2 воҳид дарсад поинтар аз пешбинии пешини сандуқи байналмилалии пул барои солҳои 2022 ва 2023 аст.
Сандуқи байналмилалии пул ҳамчунин баровард карда, ки таваррум тайи соли 2022 дар иқтисодҳои пешрафта ба таври мутавассит ба 5.7 дарсад бирасад ва ин сатҳ дар иқтисодҳои навзуҳур ва дар ҳоли тавсеа низ то 8.7 дарсад боло биравад. Ин ниҳоди байналмилалӣ дар январи гузашта сатҳи таварруми иқтисодҳои пешрафта ва дар ҳоли тавсеаро дар соли ҷорӣ ба тартиби 3.9 ва 5.9 дарсад пешбинӣ карда буд.
Сандуқи байналмилалии пул афзун бар пешбинии раванди нузули сатҳи рушди иқтисодии Амрико ва минтақаи евро, баровард карда, ки сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои содиркунандаи нафт боло меравад. Аз ҷумла Арабистони саудӣ дар соли 2022 таҳти таъсири рушди қимати ҷаҳонии нафт беш аз 100 дарсад дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёбад ва ба 7.6 дарсад бирасад.
Мутобиқи бароварди сандуқи байналмилалии пул, сатҳи таваррум дар Эрон низ дар соли ҷорӣ ба 32.3 дарсад мерасад ва сатҳи бекорӣ аз 9.8 дарсад дар соли гузашта ба 10.2 дарсад дар 2022 ва 10.5 дарсад дар 2023 афзоиш хоҳад ёфт.
Ин ниҳоди байналмилалӣ ҳамчунин баровард карда, ки иқтисоди Русия ҳадди ақал то поёни соли 2023 дар рукуди сангини иқтисодӣ қарор дошта бошад.