Имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистонкаме бештар аз 3,5 ҳазор квота барои адои маросими ҳаҷ дар соли 2022 ҷудо шудааст, ки каме бештар аз ними квотаи соли 2019-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шумори квотаҳои ба кишварҳо ҷудошуда дар саҳифаи расмии масҷиди Ҳарамайн Шарифайн дар Facebook бо истинод ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ нашр шудааст.
“Мо дар Интернет шумори ковтаҳои барои Тоҷикистон ҷудошударо дидем, лекин то ҳол аз Арабистони Саудӣ мактуби расмӣ нагирифтаем. Теъдоди квотаҳо барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 нафар муқаррар шудааст”, — гуфтааст сухангӯи Кумита Афшин Муқим.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз то ҳол нарасидани даъвати расмӣ, Кумита ба корҳои омодагӣ ва ба ҳаҷ сафарбар намудани зийирин оғоз мекунад.
“Тавре ки қаблан гуфта будем, имсол рӯйхати нав тартиб дода нашуда, нахуст шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки соли 2019 бар асари маҳдудиятҳои коронавирус ба ҳаҷ рафта натавонистанд. Лекин ин ҷо як мушкил ҳаст: шумори квотаҳои барои имсол ҷудошуда зиёда аз 3,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, лекин теъдоди нафарони интизор дар рӯйхати аз соли 2019 ба зиёда аз 5 ҳазор нафар баробар аст”, — гуфт сухангӯи Кумита.
Зимнан зикр шуд, ки дар он сол ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо шуда буд.
“Умедворем, ки ин масъала ҳал мешавад, чунки яке аз шартҳои имсола барои зойирин синни на болотар аз 65-сола муқаррар шудааст, яъне аз рӯйхати соли 2019 онҳо хориҷ карда мешаванд”, — иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, маълумот дода намешавад, ки дар рӯйхати соли 2019 чанд нафар зойирини ин синнусол ҳастанд.
Инчунин ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.
Дар Кумита таъкид доштанд, ки арзиши адои маросими ҳаҷ низ ҳол маълум набуда, ба наздикӣ муайян карда мешавад.