Тибқи иттилои ахир, ки хабаргузории Интерфакс нашр кард, теъдоди қурбониёни сӯхтор дар пажӯҳишгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Твери Русия ба 17 нафар расид Дар куҷо будани ҳашт нафари дигар то ҳол маълум нест.
Гуфта мешавад, ки майдони сӯхтор 2500 метри мураббаъро ташкил карда,барои хомӯш карданаш беш аз 240 нафар воҳидҳои оташнишонӣ ва наҷот, 60 мошин, як чархболи Ми-8-и Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ҷалб шудаанд.
***
Тибқи назарсанҷии Gallup Байден баъди Тромп дувумин раисҷумҳури номуносиби ИМА дониста шудааст. Танҳо 41 дарсади амрикоиҳо аз давраи роҳбарии раисиҷумҳур Ҷо Байден дар мақоми раҳбари давлат розӣ будаанд. Аз роҳбарии Тромп шамагӣ 39 дарсади пурсидашудагон розӣ буданд.
Тибқи ин назарсанҷӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ маъруфтарин раисиҷумҳур Ҷорҷ Буши хурдӣ буд: он вақт аз ӯ 79,5 дарсади пурсидашудагон ҷонибдорӣ мекарданд.
***
ТАСС хабар дод, ки рӯзи якшанбе дар шимоли Ҷопон заминларзаи 5,6 дараҷаӣ рух дод.
Тибқи иттилои Департаменти миллии метеорологӣ, маркази заминларза дар наздикии соҳили Ҳоккайдо, дар умқи тақрибан 30 километр аз зери уқёнус ҷойгир будааст.
Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисорот гузориш нашудааст.
***
Тибқи иттилои Вазорати дифои Украина, талафоти ҷангии артиши Русия дар давраи аз 24 феврал то 24 апрел тахминан 873 танк, 2238 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 408 системаи артиллерӣ, 147 MLRS, 69 системаи дифои ҳавоӣ, 179 ҳавопаймо, 154 чархбол, 8 киштй ва гайра безарар карда шудааст. Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳудуди 21,8 ҳазор низомии Русияро нобуд кардаанд. Дар ин бора рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дода шуд.
Вазорати дифои Русия рӯзи 25 март хабар дод, ки дар ҷараёни як “амалиёти вижа” дар Украина 1351 сарбоз кушта ва 3825 нафар захмӣ шудаанд.
***
Киштии ҳомили 60 нафар муҳоҷир дар Лубнон ғарқ шуд. Қурбоншудаҳо ҳастанд.
Ташкилоти Салиби Сурхи Лубнон ба бандари Триполи хафт мошини ёрии таъчилй фиристод.
Артиши Лубнон ва посбонии соҳилӣ амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар соҳилҳои Триполиро идома дода истодаанд. Вазири нақлиёт ва равобити ҷамъиятӣ Алӣ Ҳамия гуфт, ки 46 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ба соҳил наҷот дода шудаанд.
***
Хабаргузории Reuters иттилоеро расонаӣ кардааст, ки дар Нигерия бар асари таркиш дар як кони махфӣ, ки ба тиҷорати нафти дуздӣ машғул буд, беш аз 100 нафар ҳалок шуданд.
Комиссари давлатии нафт Риверс Гудлага Опиу ба оҷонсӣ гуфт: «Сӯхтор дар як анбори бункерии фаъолияташ ғайриқонунӣ сар задааст».
Гуфта мешавад, ки ҷасади беш аз 100 нафар ба таври шинохтанашаванда сӯхтаанд.
***
Туркия ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои низоми ва мулкии Русия, ки ба Сурия парвоз мекунанд, бастааст.
Дар ин бора Мавлуд Чавушӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар ҷараёни сафараш ба Амрикои Лотинӣ изҳор дошт.
Ҷавушӯғлу гуфт, ки бобати баста шудани ҳарими ҳавоӣ раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро низ хабардор карда буд.
***
Бар асари селборон ва обхезӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон 18 хонаи истикоматй, ресторан ва бинохои маъмурй зери об мондааст. Дар бораи осебдидагон ва кушташудаҳо хабаре нест.
***
Дар як анбори нафт дар шаҳри Брянски Русия таркишҳои пай дар пай ва баъдан сӯхтор ба амал омад. Сабаби ҳодиса маълум нест.
Сокинони шаҳр аз таркишҳо хабар доданд
Раёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз оташ гирифтани як анбори нафт дар ноҳияи Фокини шаҳр хабар дод. Аммо ба навиштаи “Коммерсант”, ин хабар дертар аз вебсайти вазорати ҳолатҳои изтирорӣ нопадид шуд.