Рубрики Хабарҳо

Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба дифоъ аз #Бадахшон бархостанд

Кампине аз тарафи фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон зери хештеги #Badakhshan дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст, ҳадафаш пешгирии истифодаи силҳ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфта мешавад.

Фаъоли сиёсӣ Муҳаммадиқболи Садриддин бо нашри як навор аз мардуми Тоҷикистон хостааст дар қазияи Бадахшон бетараф набошанд ва барои пешгирӣ аз такрори фоҷеъаи соли 2012 иқдом кунанд.

Ӯ аз мардуми манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам даъват кардааст Бадахшонро танҳо нагузоранд ва дар рӯзи сахтӣ канори мардуми он бошанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин аксҳоеро ҳам барои истифода дар флешмоб нашр кардааст, ки аз тарафи фаъолони дигар истиқболи гарме пайдо намуда, бо гузашти ҳамагӣ як соат даҳҳо нафар бо интишори он аксҳо ҳамнавоии худ бо мардуми Бадахшонро изҳор кардаанд.

Оғози флейшмоб,дар робита ба қазияи Бадахшон

Posted by on Monday, October 15, 2018

Шарофиддин Гадоев ҳам бо пайвастан ба ин флешмоб бо пахши наворе дар фейсбук аз мардуми Тоҷикистон даъват кард бетараф набошанд.

Ӯ гуфт дар интиқоли маводи мухаддир худи КДАМ ва ВКД ширкат мекунанд ва онро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон контрол мекунад. «Чӣ гуна ҷиноятеро, ки худашон дар он дасти мустақим доранд, мехоҳанд ба дғши мардуми Бадахшон гузоранд?» — изҳор кард ӯ.

Гадоев ҳамчунин гуфт супоришгарони ин хушунат онҳое ҳастанд, ки мехоҳанд қисмати дигаре аз Бадахшонро ба ивази кӯмакҳое, ки ба Оила мекунад, ба кишвари ҳамсоя диҳанд.

#Badakhshan Роҳи ҳалли Бадахшон, артишу тӯпу тонк нест!Бадахшон – қалби поки Тоҷикистон,Ба хоку хун накаш хоки ниёкон!

Posted by on Monday, October 15, 2018

Қаблан сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри муроҷиатномае аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, хостори таваҷҷӯҳ ба қазияи ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд. Мардуми Бадахшон дар ин муроҷиатнома, талаб кардаанд:

1) Ташкили гурӯҳи мониторингӣ барои пайгирӣ ва баррасии авзоъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то муътадил шуданаш. Ин гурӯҳ бояд аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо ва коршиносон ташкил шавад то ҳам эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ бештар шавад ва ҳам миллат ва давлат дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ҳамдасту ҳамкор бошанд, чуноне ки раисҷумҳур тавсия карда буд.

2) Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кори гурӯҳи назоратӣ, ҷонибҳо бояд аз изҳороти шитобзада ва бемасъулиятона дар расонаҳо, аз ҷумла дар бораи ҷамъоварии силоҳу аслиҳа худдорӣ кунанд.

3) Механизмҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни ин гурӯҳ ва комиссияи байниидоравӣ омода ва роҳандозӣ шаванд то ҳокимияти қонун барои касоне таъмин шавад, ки бино бар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ихтиёрӣ силоҳашонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардаанд. Бино бар қонун, ҳаргуна иттиҳоме, ки танҳо бар иқрори муттаҳам асос ёфтааст, собитшуда шумурда намешавад. Эътирофи муттаҳам ба иттиҳомот танҳо дар сурате метавонад асоси ҳукм қарор дода шавад, ки бо дигар далелҳои мавҷуд тасдиқ карда шавад. Аз ин рӯ, ин комиссия бояд мусоидат кунад, ки касоне, ки ихтиёрӣ силоҳашонро таслим кардаанд, шиканҷа нашаванд ва додгоҳашон ба сурати шаффоф баргузор хоҳанд шуд то аз такрори бӯҳронҳо дар оянда пешгирӣ шавад ва эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти қонун барқарор шавад;

4) Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти иттилооти росту дуруст дар замони буҳрон ва ба манзури пешгирӣ аз ҳаргуна овозаҳо ва ташаннуҷи авзоъ, рухдодҳо дар қаламрави Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бояд муназзаму сари вақт бозтоб дод;

5) Намояндагони ҷомеа бояд дар нишастҳои Комиссияи байниидоравӣ ва, ба манзури таъмини шаффофият, дар раванди бозпасгирӣ ва нобуд кардани силоҳу аслиҳа ширкат кунанд.

6) Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро бояд ба раванди халъи силоҳ бар асоси стандартҳои қабулшуда ҷалб кард, ки он шомили салоҳиятҳои ин созмон дар чорчӯби огаҳирасонии пешакӣ, пешгирӣ аз низоъ ва мудирияти бӯҳронӣ мешавад.Ин маврид бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи ҷуғрофиёии вилоят ва аҳамияти пойдории субот дар замони сар задани хатарҳои марзӣ бештар аҳамият пайдо мекунад. Яке дигар аз салоҳиятҳои САҲА мониторинги нигаҳдории силоҳу аслиҳаи бозпасгирифташуда, ҳамлу нақл ва нобуд кардани он бо ҳадафи пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст.”
Гуфтанист, ки мақомоти Тоҷикистон моҳи июли соли 2012 бо баҳонаи халъи силоҳи “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ба Бадахшон нерӯ ворид намуданд, ки боиси кушта шудани 24 нафар ва харобиҳои зиёде гардид.

Шумо ҳам метавонед бо нашри ин аксҳо дар флешмоб ширкат кунед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *