Пас аз маъракаи якмоҳаи ҷамъоварии силоҳ дар Бадахшон, мақомот эълон карданд, ки “баъзе аз саркардагони гурӯҳҳо ҷиноӣ” намехоҳанд бо мақомот ҳамкорӣ кунанд ва аз супоридани силоҳ худдорӣ мекунанд. Аз онҳо талаб карда шуд, ки то 15-уми октябр тамоми аслиҳаҳои дар ихтиёрашон бударо ба давлат супоранд, вагарна «дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешаванд.»
То ҳанӯз номи он “саркардагон” эълон нашудааст. Дар Бадахшон чӣ мегузарад, на мақомот ба марудм шарҳ медиҳанд ва на расонаҳо дар ин бора маълумоте ҷуз даъвоҳои мақомот ироа мекунанд. Дар ҳоле, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз фарзияву пешбиниҳои сарде ҳастанд.
Паём дар ин мавзӯъ сӯҳбате дошт бо Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки масъаларо ҷиддан пайгирӣ мекунад.
Паём: Дар Бадахшон чӣ мегузарад?
Алим Шерзамонов: Ҳар касе расонаҳои хабарии расмии давлатӣ ва радиои Озодиро тӯли як соли охир пайгирӣ карда бошад, ба хубӣ дарк мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми иқтидораш худро ба як абзори таблиғотӣ алайҳи Бадахшон ва мардумаш табдил додаст ва дар хати пеши ин «муҳориба» КДАМ бо роҳбараш қарор дорад.
Агар шабакаҳои иҷтимоӣ, «Ховар», «Ҳамсинфон», «Озодӣ»- ро пайгирӣ карда бошед, ба ҳамон гунае, ки пеш аз бастани ҲНИТ ва экстримистиву терористӣ эълон намуданаш чӣ қадар видеоҳои фаҳшро дар шабакаҳо паҳн мекарданду айбро боли наҳзат бор мекарданд, айнан ҳамин хел дар чанд соли охир ва ба вижа соли охир, чӣ қадар наворҳое бо чеҳраи бадахшониҳо сабт ва пахш мешуд ва ба такрор онро дар телеаизионҳои марказӣ паҳн менамуданд.
Ҳамзамон бо ин ҳар ҳафта гузориш аз халъи силоҳ ба миқдорҳои калон мунташир мешуд. Дар Тоҷикистон ҳар баҳоре одат шудааст , ки мақомоти сатҳҳои гуногун аз рафти кабудизоркунӣ ҳисобот медиҳанд. Агар дар тӯли 26 сол «ободонӣ»-е ки инҳо таблиғу ҳисобот медиҳанд воқеӣ мебуд, ҳоло дар кураи замин барои дарахт ҷо намемонд. Ҳамин тавр мусодираи силоҳ аз «гурӯҳҳои ҷиноии» Хоруғ. Агар касе ин оморро ҷамъ мекард, бо ин миқдор аслиҳа лашкари Чинро мешуд мусаллаҳ кард. Ин таблиғ то ба ҷое расид, ки ҳатто Раҳмонуф дар Хоруғ айнан ҳамон гапҳоеро зад, ки фабрика ҷавоби Ятимов онро дар ҳар шарҳи худ дар шабакаҳо менависанд. Яъне мошинаи таблиғотии ғайриҳирфаии Ятимов ба дараҷае ба мақомот таъсиррасон шудаст, ки роҳбари давлат аз суханони кӯчабозорӣ истифода карда, як қавмро бо шеваи ниҳоят дағал таҳқир кард. Аз ҳамин хотир имрӯз Ятимов мехоҳад он афсонаҳои бофтаи худро бо ҳар роҳе набошад собит созад.
— Шумо иддао мекунед, ки имкон дорад дар Бадахшон ҳодисаи даҳшаӣноке ба вуқӯъ пайвандад. Ин, ба назари шумо, чӣ ҳодисае хоҳад буд?
— Ҳодисаи даҳшатноке, ки бо паёмадҳои он миллати тоҷик пас аз сари Раҳмонуф низ солҳои зиёд маҷбур аст канор ояд, аллакай ба вуқӯъ пайваст. Манзурам он доғеро, ки бо таҳқири рӯирости ин мардум чӣ аз тарафи Раҳмонуф ва чӣ аз гузоришҳои мақомоти амниятӣ дар дили мардум ва махсусан ҷавонон ҷой доданд, хеле солҳоро мехоҳад, ки аз хотири мардум зудуда шавад. Аз Худо умед дорам, ки ягон бадбахтие рух намедиҳад, вале таҷамӯъи чунин теъдоди низомиён бо саводи ниҳоят нигаронкунанда ва бо таъминоти молии басо хароб худ як хатари ҷиддитаринест ба суботи шаҳр, вилоят ва шояд ҳам ҷумҳурӣ. Мо ҳама гаравгони вазъи равонии як сарбозе, ки дучори «дедовшина» дар артиш аст, ё ягон сабаби дигари рухафтодагиаш, ё табъи як афсаре ба монанди Гулмурод Халимзода шудаем ва ҳар лахза ҳар чизро метавон интизор буд. Аз нақшаҳои Ятимов ва генералҳояш мо дарак дорем, ки чӣ мехоҳанд кунанд, вале оё онҳо бар ин боваранд, кӣ ҳама чиз таҳти контролашон аст?
— Мақомот ба «саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ» то 15-уми октябр фурсат доданд то силоҳҳои худро супоранд. Ба назари шумо онҳо киҳо ҳастанд ва чаро аз ҳеҷ кас ном бурда намешавад? Фаразан агар касе силоҳ насупорид, чӣ хоҳад шуд?
— Аз ин саркардагон ном намебаранд ва нахоҳанд бурд. То боздошт ё «безарар» карданашон. Соли 2012 низ ҳанӯз, ки генерал Назарзода зинда буд, дар таърихи 9 уми апрел аллакай ин “саркардагон” дар пайгарди интерпол қарор доштанд. Яъне он вақт аллакай генерал Назаров маҳкум ба қатл шуда буд ва тибқи нақшаашон ин “саркардагон” бояд ба Афғонистон мегурехтанд, вале нақшаашон пурра амалӣ нашуд. Баъдтар нисбати Ҳоҷӣ Алим чунон моҳирона роҳи гурезашро тарҳрезӣ карданд, ки рост ба дасташон расид. Гумон мекунам Ятимову Бузмаков як чунин нақшаро дар Бадахшон пиёда карданианд.
— Як манбаъи Паём гуфт, ки баъди забт шудани навоҳии ҳамсарҳад бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тарафи Толибон, гурӯҳи трансмиллии тиҷорати маводи мухаддир роҳи интиқоли онро аз даст дод ва мехоҳад чунин роҳеро дар Бадахшон ҳамвор кунад. Шумо ҳам дар як навиштаатон ба ҳамин мавзӯъ ишора кардааед. Магар дар Бадахшон гурӯҳҳое мавҷуданд, ки қодиранд ба чунин гурӯҳе, ки КДАМ аз он ҳимоят мекунад монеъа эҷод кунад?
— Ана ба асли матлаб омада расидем. Бале аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин ҳукумат ҳамеша аз бозингарони асосии интиқоли маводи мухаддир аст. Агар дар ибтидо дар вақти Саидамир Зуҳуров кормандони КДАМ нақшаи конвойи маводи мухаддирро бозӣ мекарданд, бо ба сари қудрат омадани Ятимову Ҳукумов ва Зорро (Иззатулло Шарипов) ин бозор куллан инҳисор шуд ва он ҷавонони бадахшониеро бо ин мавод боздошт карда буданд худ натичаи “подстава”-и махз макомоти амният буд. Зиёда аз ин бар иловаи даромад аз интиқоли маводи мухаддир, Ятимов дар даст боз грантҳои Амрикоро дорад, ки ба хотири мубориза бо интиқоли маводи мухаддир ихтисос дода шуда буд ва ҳоло барои ин маблағҳо ҳисобот даркор.
— Яъне бо аз байн бурдани гурӯҳи интиқолдиҳандаи маводи мухаддир Ятимов мехоҳад ҳам барои грантҳо ҳисобот диҳад ҳам гурӯҳи ҷиноии зери назорати худашро онҷо мустақар кунад?
— Ва ҳам тамоми сохтмону иншоотҳои дар нақшагирифтаро боз вазирону кабирони дигар таҳти контрол дошта бошанд.
— Оё метавонад бетаваҷҷӯҳии мардуми манотиқи дигари Тоҷикистон ба қазияи Бадахшон шикофе байни мардуми ин вилоят ва дигарон пайдо созад?
— Шикоф-ку дар байни тамоми манотики Тоҷикистон вучуд дошт, ки дар ибтидои солхои 90 и асри гузашта шоҳидаш будем. Дар ин 26 сол мо бояд он шикофро таъмир мекардем, вале хукумати имрӯза тамоми саъяшро ба он равон кардааст, ки ин миллат аслан ташаккул наёбад. Агар дар каламрави вилояте, ки мухтор асту кавме фарқкунанда аз аксар сукунат дошта бошаду ба хотири беэътимод буданашон дар мақомоти амнияту прокурор ва суд барои онхо ҷой набошад ва ҳамзамон бо ин ин сафарбаршудахои қонун қонунро ба як коло табдил дода бошанд, дигар чи хел метавон ин шикофро ба ҳам овард? Дигар ин ки бетарафии дигар манотиқ мутаассифона боиси парокандатар шудани миллати бе ин ҳам пароканда мешавад. Хеле мутаассифам.