Рубрики Хабарҳо

Ба муносибати шаби қадр раисҷумҳури Туркманистон 514 маҳкумро афв кард

Интерфакс хабар дод, ки раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба муносибати шаби Қадр, ки шаби 27-уми моҳи Рамазон таҷлил мешавад, 514 маҳбусро афв кардааст. 

Қарори дахлдорро роҳбари кишвар дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 22 апрел имзо кард. 

Дар ҳамин росто Бердимуҳаммадов бар вазири дифоъи Туркманистон, дабири Шӯрои амнияти давлатӣ, раиси Комиссияи омодасозии пешниҳоди шаҳрвандӣ ва афви назди президенти Туркманистон Бегенч Гундогдиев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки дар якҷояги бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, авфшудагонро сари вақт аз зиндонҳо раҳо кунанд. 

Инчунин дар ҷаласа Ба ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки барои барвақттар бо кор таъмин намудани шахсони афвшуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди тазаккур аст, ки  маъракаи афв дар Туркманистон аз соли 1999 идома дорад. Холо ин гуна карорхо соле се-чор маротиба, дар оғози идхои гуногуни давлатй кабул карда мешаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *