Аҳиран аз талафоти киштии размандаи “Маскав” расман иттилоъ доданд.
РИА Новости рӯзи 22 апрел бо такя ба баёнияи вазорати дифоъи Русия навишт, ки ҳангоми кӯшиши хомӯш кардани сӯхтор дар крейсери мушакафкани “Маскав” як сарбоз кушта шуд ва 27 нафар узви дигари экипаж бедарак ғайб задаанд. Дар баёния омадааст, ки 396 нафар аъзои экипаж тавассути киштиҳои Флоти Баҳри Сиёҳ таҳлия ва ба минтақаи Севастопол интиқол дода шуданд.
Сабаби сӯхторро идораи ҳарбӣ қайд накардааст. Танҳо гуфтаанд, ки вазорат ба хонавода ва наздикони марҳум ва бедаракшудагон ҳама гуна кумакҳои заруриро мерасонад.
Раиси Севастопол Михаил Развокаев ба мухбири нашрияи РИА Новости гуфтааст, ки нафари дар сӯхтор ҳалокшуда Иван Вахрушев як ходими аршади киштии размандаи “Маскав” буд.
Аммо расонаҳои хориҷӣ гузориш доданд, ки дар крейсери «Москва», ки пас аз сӯхтор ғарқ шуд, 37 аъзои экипаж кушта, ҳудуди 100 нафари дигар захмӣ шудаанд ва шумори дақиқи бедарак гумшудагон маълум нест.
Мувофиқи интишороти матбуоти фаъоли давр, оҳанпорахои крейсери «Маскав» дар чукурии 50—60 метр, аз 75-километрии чанубу гарбии Тарханкут пайдо шудаанд. Айнан дар ҳамин минтақа фаъолияти киштихои начотдихй ва гаввосии Флоти Бахри Сиёх кайд карда шудааст.
Айни ҳол хабару гузоришҳо дар бораи сукути киштии размандаи “Маскав” куллагӣ фарқ мекунанд. Дар изҳороти вазорати дифои Русия гуфта мешавад, ки рӯзи 13 апрел дар натиҷаи инфиҷори муҳиммоти ҷангӣ дар киштии ҳарбии “Маскав” сӯхтори шадид рух додааст. Пас аз як рӯз вазорат гуфт, ки киштӣ ғарқ шудааст. Манобеи хабарии Укроин мегӯянд, ки дар натиҷаи бархӯрдани мушаки Нептун, ки аз ҷониби Киев ҳаво хӯрд, дар киштии “Маскав” таркиш ба амал омад.