Мақомоти Тоҷикистон дар идомаи фишор болои хонаводаи поягузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тариқи “облава” дастгир карда ба артиш бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки ӯ донишҷӯ ва аз хидмат дар артиш озод буд.
Ҳабибулло Саидов, писари Нусратулло Саидов аст, ки қаблан аз тарафи мақомот бо иттиҳоми дарёфти маблағ аз хориҷ боздошт ва зиндон шуда буд. Ҳабибуллоҳ 21 сол дошта, донишҷӯи соли сеюми факултаи “Кимиё ва биология”-и Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар аст.
Тибқи гуфтаи наздикони боздоштшуда, кормандони пулиси Вахш ӯро рӯзи 23-уми апрел боздошт карданд ва баъдан, бо иддаои ин ки ӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ба артиш фиристоданд. Аммо хонаводаи ҷавон мегӯянд, ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва дар дарсҳо ширкат мекард.
Ба гуфтаи Абубакри Нурӣ, амаки Ҳабибулло Саидов, рӯзи ҷумъа Ҳабибуллоро ба шӯъбаи умури дохилии ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш даъват карда буданд. Дертар ба наздиконаш хабар додаанд, ки ӯ ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафт.