Исроил муқаррароти мавҷуд дар Байтулмуқаддаси шарқиро ҳифз мекунад
Исроил мегӯяд қасд дорад вазъият ва муқаррароти марбут ба Байтулмуқаддаси шарқиро ба ҳамин шеваи кунунӣ ҳифз кунад.
Дар вазъияти кунунӣ мусулмонон иҷоза доранд дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ва ҳавлии Масҷид-ул-Ақсо намоз хонанд, аммо пайравони динҳои дигар чунин иҷозае надоранд.
Дар ҳоле, ки ҷомеаи байналмилал дар рӯзҳои ахир нигарони шӯълавар шудани дубораи оташи таниш ва даргирӣ миёни мусулмонон ва яҳудиён дар Байтулмуқаддас аст, Яир Лапид, вазири умури хориҷаи Исроил итминон дод, ки давлати ин кишвар қасд надорад вазъияти мавҷуд дар Масҷид-ул-Ақсоро тағйир бидиҳад.
Пас аз хушунатҳои ахир дар севумин макони муқаддаси мусулмонон дар рӯзҳои гузашта, Яир Лапид рӯзи якшанбе гуфт: “Мусулмонон дар кӯҳи маъбад (муҳавватаи Масҷид-ул-Ақсо ва Ҳарами шариф) намоз мехонанд, аммо ғайри мусулмонон фақат метавонанд аз он боздид кунанд. Ҳеҷ тағйире дар ин вазъият ба вуҷуд наомада ва ба вуҷуд ҳам нахоҳад омад.”
Дар миёнаи моҳи апрел пас аз ҳамалоти маргбор дар Исроил, ки ду маврид аз онҳо тавассути фаластиниҳо анҷом шуд ва ба думболи он амалиёти артиши Исроил дар Каронаи Бохтарии ишғоле, ки ҳудуди 20 кушта бар ҷой гузошт, хушунат дар муҳавватаи Масоҷиди Байтулмуқаддас оғоз шуд. Ин рӯйдодҳо нигарониҳо аз ташдиди танишҳои ҷадид байни Исроил ва ҷунбишҳои мусаллаҳи фаластинӣ ва такрори воқеаи монанди ҷанги 11 рӯза дар соли 2021 байни давлати яҳуд ва ҷунбиши Ҳамос, ки қудратро дар Ғазза дар даст дорад, афзоиш додааст.
Рӯзи ҷумъа беш аз 50 фаластинӣ дар даргирӣ бо полиси Исроил маҷрӯҳ шуданд. Полиси Исроил гуфт ба ин далел вориди амал шуда, ки дар ҳоле, ки яҳудиён муносибати мазҳабии худ ба номи иди пасхаро ҷашн мегирифтанд, “иғтишошгарон”-и ҷавон ба самти девори нудба санг партоб карданд.
Муҳавватаи Масоҷиди мусулмонон дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз соли 1967 ба дасти Исроил ишғол шудааст. Ин макони муқаддас тавассути Урдун идора мешавад, аммо дастрасӣ ба он тавассути давлати яҳудӣ контрол мешавад.
Дар солҳои ахир, теъдоди яҳудиёни боздидкуннда аз ин муҳаввата афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи созмони исроилӣ масъули контроли вуруд ба ин макон, дар ҳафтаи гузашта шумори яҳудиёни воридшуда барои баргузории иди пасха ба рекорди беш аз 3 ҳазору 800 нафар расид. Ба рағми мамнуъияти ниёиши ғайри муслмонон дар ин маҳал, бисёре аз яҳудиён ба таври мураттаб мушоҳида мешаванд, ки ба тавре махфиёна дар он ҷо ба ибодат ва ниёиш машғуланд.
Пеш аз ин дар расонаҳои иҷтимоии фаластинӣ хабаре паҳн шуда буд, ки давлати Исроил тасмим гирифтааст, ки муҳаввата (Байтулмуқаддас)-ро барои намоз бо яҳудиён тақсим кунад. Бо вуҷуд ин, ки имрӯз вазири исроилӣ ин мавзӯъро такзиб кард, аммо нигаронӣ аз бурузӣ хушунатҳои тоза миёни мусулмонони фаластинӣ бо яҳудиён ҳамчунон вуҷуд дорад.
Лапид рӯзи якшанбе бо муттаҳам кардани ҷунбишҳои исломии фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба “нашри ахбори ҷаълӣ” ва “эҷоди мавҷи саркашӣ ва хушунат” гуфт: “Исроил ҳеҷ қасде барои тақсими муҳавватаи масҷид байни ду мазҳаб надорад”.
Аз сӯи дигар тасовире, ки аз истиқрори нерӯҳои полиси Исроил дар муҳавватаи Масҷид- ул-Ақсо дар шабакаҳои арабӣ даст ба даст мешавад, вокунишҳои шадидеро дар Ховари Миёна барангехтааст.
Созмони милал ва Иёлоти муттаҳида ба вижа ҳангоме, ки ҳафтаи гузашта мушакҳое аз навори Ғазза ба сӯи Исроил шиллик шуд, хостори “коҳиши таниш” шуданд.
Яир Лапид зимни ҳушдор ба Ҳамос, ҳузури пурранги нерӯҳои полис дар Байтулмуқаддаси шарқиро ин гуна тавҷеҳ кард, ки истиқрори ин маъмурон барои “ҷилавгирӣ аз бурузи фоҷиа” будааст.
Дар навори Ғазза мизони бекорӣ ба далели фақр, ҳудуди 50 дарсад аст ва бисёре аз фаластинён маҷбӯранд барои кор аз тариқи танҳо убургоҳи мавҷуд дар Байт-Ҳанун рӯзона ба хоки Исроил рафту омад кунанд. Дар миёнаи апрел, Исроил қасди худро барои ду баробар кардани теъдоди муҷаввизҳои кор барои фаластиниён эълом кард ва гуфт дар сурати ором мондани авзоъ дар моҳи рамазон, шумори муҷаввизҳоро ба 20 ҳазор афзоиш медиҳад.
Аммо рӯзи якшанбе Исроил д гузаргоҳи Байт- Ҳанунро муваққатан баст.
Яир Лапид дар бораи тасмими қаблии Исроил ба афзоиши муҷаввизҳо барои коргарон фаластинӣ гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои ахир, мо мутаассифона бояд ин иқдомро бо диққат баррасӣ кунем”.