Рубрики Хабарҳо

Амрико барои ирсоли таслиҳот ба Киев 40 кишварро дар Олмон гирди ҳам меоварад

Ҷанг дар Украина дар шароите вориди шастудувумин рӯзи худ шудааст, ки Русия ҳамалоти худро дар шарқи ин кишвар ташдид карда ва мақомҳои низомии ғарбӣ гуфтаанд Маскав мехоҳад бо давр задани мавзеъҳои неруҳои укроинӣ шаҳрҳои ин ноҳияро ба тасарруфи худ даровард. 

Аз сӯи дигар ва ҳамзамон бо интиқодоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия аз ирсоли таҷҳизоти низомӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ба Украина, чандин хатти роҳи оҳан дар Украина ҳадаф гирифта шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, гуфтугӯҳои дипломатик барои поён додан ба ҷанг идома дорад ва қарор аст Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони милал рӯзи сешанбе бо сафар ба Маскав, барои аввалин бор аз замони оғози ҷанг бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор кунад. 

Бино бар эъломи Комиссариати олии паноҳандагони Созмони милали муттаҳид то кунун беш аз 5.2 миллион нафар аз Украина гурехтаанд ва теъдоди онон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. 

Охирин таҳаввулоти ҷанги Укроин дар таърихи сешанбе, 26 апрелро дар ин сафҳа думбол кунед: 

 08:08 

Нишасти муштараки беш аз 40 кишвар ба мизбонии Амрико барои ирсоли таслиҳот ба Укроин 

Намояндагони низомии беш аз 40 кишвари ҷаҳон рӯзи сешанбе ба мизбонии Иёлоти муттаҳида дар пойгоҳи ҳавои Рамштайн, маҳалли истиқрори неруҳои амрикоӣ дар Олмон, гирди ҳам меоянд то музокиротеро дар мавзӯъи ирсоли таслиҳот ба Укроин ва тазмини идомаи кумакҳои молӣ ва низомӣ ба ин кишвар анҷом диҳанд. 

Генерал Марк Милл, раиси ситоди муштараки артиши Амрико, гуфт, ки ҳадафи аслии ин гуфтугӯҳо ҳамқадамсозӣ ва ҳамоҳангӣ барои ирсоли бештари кумакҳои низомӣ ва амниятӣ ба Киев аст, ки шомили таслиҳоти сангин монанди тӯпхона ва паҳподҳои мусаллаҳ ва муҳиммот мешавад. 

Милли ба хабарнигорон гуфт: “чанд ҳафтаи оянда бисёр бисёр ҳаётӣ хоҳанд буд. Укроиниҳо барои муваффақият дар майдони ҷанг ба ҳимояти самарабахш ниёз доранд ва дар воқеъ ҳадафи ин конфронс ҳам ҳамин аст.” 

Сергей Лавров: таҳдиди ҷанги ҳастаиро дасти кам нагиред 

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи душанбе ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатари даргирии ҳастаӣ бар сари Укроинро дасти кам нагирад ва гуфт, ки НАТО бо ирсоли таслиҳот ба Кмев дар воқеъ “ҷанги ғайримустақим” бо Русияро пеш мебарад. 

Лавров дар ин мусоҳиба, ки аз телевизиони давлатии Русия пахш мешуд, гуфт Маскав худро мутааҳҳид ба асли талош барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ба ҳар қимат медонад. Ў изофа кард: “ин мавзеъи аслии мо аст, ки ҳамачизро рӯйи он бино мекунем. Хатарҳо дар ҳоли ҳозир қобили таваҷҷуҳ ҳастанд.” 

Вазири умури хориҷаи Русия дар бораи хатари вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии севвум ва боло рафтани остонаи таниши ҳастаӣ ба сатҳи буҳрони мушакии Куба дар соли 1962 гуфт: “ман намехоҳам ин хатарҳоро ба таври маснуъӣ боло бибарам. Хелеҳо инро дӯст доранд аммо хатар ҷиддӣ ва воқеӣ аст ва мо набояд онро дасти кам бигирем.” 

Сергей Лавров ҳамчунин ирсоли таслиҳоти пешрафтаи ғарбӣ, аз ҷумла мушакҳои зиддитонкии «Ҷавелин» ва паҳподҳои пешрафтаи тавассути кишварҳои узви НАТО ба Укроинро иқдомоти таҳрикомезе хонд, ки бо ҳадафи “тӯлонӣ кардани даргирӣ ва на поён додан ба ҷанг” сурат мегиранд. 

Ӯ изофа кард: “НАТО дар асл ба шакли ғайримустақим даргири ҷанг бо Русия аст ва Укроинаро мусаллаҳ мекунад. Ҷанг яъне ҷанг.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *