Рубрики Хабарҳо

Русия мегӯяд ирсоли танкҳои ғарбӣ, таъсире бар тавони ҷангии нерӯҳои укроинӣ надоранд

Кремл дар вокуниш ба кумаки танкҳои “Леопард” ва “Абрамс”-и Олмону Амрико ба Киев, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки таслиҳоти нав монеъе дар баробари пешрафти нерӯҳои русӣ дар Укроин нахоҳад буд. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин муддаӣ шуд, ки дар мавриди таъсири ин танкҳо бар қудрати ҷангии нерӯҳои укроинӣ “иғроқ” шудааст. 

Пеш аз ин Кремл ба ҳукуматҳои ғарбӣ ҳушдор дода буд, ки аз ирсоли силоҳои сангин ба Киев худдорӣ варзанд. Зеро, ҷангро ташдид мекунад ва нишонгари мушорикати ғарбиҳо дар ҷанг бо Русия аст. 

Пескоф гуфт: “дар мавриди таъсири танкҳо бар тавоноии нерӯҳои мусаллаҳи Укроин ошкоро иғроқ шудааст. Ин танкҳо низ монанди дигар танкҳо дар оташ хоҳанд сӯхт.” 

Укроин аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки дасти кам 300 танк ба ин кишвар кумак кунанд. Олмону Амрико тасмим гирифтанд то дасти кам 44 танки пешрафтаи “Леопард” ва “Абрамс”-ро дар ихтиёри нерӯҳои укроинӣ қарор диҳанд. 

Дар мавриди таъсироти танкҳои ҷадид ихтилофи назар вуҷуд дорад. Генерал Сергей Маев, аз мақомоти собиқи вазорати дифоъи Русия, танкҳои “Леопард” сохти Олмонро таҳдиде ҷиддӣ барои сарбозони кишвараш дар Укроин донист. Ў гуфт, ки Леопард-2 беҳтарин танк дар Аврупо аст ва Русия бояд ба думболи роҳе барои муқобила бо он бошад. 

Олмон эълом карда, ки 14 танки “Леопард” ба Укроин медиҳад. Қарор аст бархе кишварҳои Аврупои шарқӣ монанди Лаҳистон низ шуморе аз танкҳои “Леопард”-и худро ба Укроин кумак кунанд. 

Таҳлилгарони низомии русӣ гуфтанд, ки танкҳои ҷадиди русӣ қудрати мушобеҳи намунаҳои ғарбии онро дорад. Ба гуфтаи онҳо, танкҳои “Леопард”, ки аз сӯи Туркия дар набард бо курдҳои сурӣ истифода шуд, дар баробари ракетҳои зидди танки сохти Русия осебпазир буданд. 

Аммо, Олег Жданов, як таҳлилгари низомии укроинӣ ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки танкҳои ҷадиди ғарбӣ қудрати ҷангии нерӯҳои укроиниро боло мебаранд. Ў гуфт: “як Леопард-2 тақрибан муодили 3 ё 5 танки русӣ аст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *