Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба суханони Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин дар бораи баҳри Сиёҳ изҳор дошт: Баҳри Сиёҳ ҳаргиз баҳри Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) нахоҳад шуд.
Вай таъкид кард: ин як баҳр муштарак барои ҳама кишварҳои соҳилӣ аст, бояд баҳре аз ҳамкорӣ, таомул ва амният бошад, ҳамчунин бояд амнияти ғайри қобили тақсимӣ дошта бошад.
Песков бо баёни ин ки изҳороти Кулебо таноқуз дорад, таъкид кард: Баҳри Сиёҳ ҳаргиз баҳри НАТО нахоҳад шуд.
Гуфтанист, Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин гуфта буд, ки баҳри Сиёҳ бояд монанди баҳри Балтика баҳри НАТО шавад.