Шаҳрванди 30 — солаи Тоҷикистон дар Серпухова аснои шиноварӣ кардан дар канал ғарқи об шудааст. Мақомоти тафтишотӣ дар Подмосковие аз ин ин ҳодиса тафтишот мебаранд
Дар Серпухова шаҳрванди Тоҷикистон ғарқи об шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Бар хабари расонаҳо, ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 6 — уми июл дар минтақаи Калиновские Висилки рух додааст. Шаҳрванди 30 — солаи Тоҷикистон дар канал танҳо оббозӣ карда, ногаҳон зери об рафт ва ғарқ шуд.
Гурӯҳи наҷотбахшон бо дарёфт намудани ин хабар фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади беҷони муҳоҷири тоҷикро аз дохили об берун оварданд.
Феълан, мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот мебаранд.