Рубрики Хабарҳо

36 000 қимати билет, 22 000 ҳақи консулгарӣ (навор)

Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербурги Русия фурӯши билетҳо ба хатсайри чартерии Санкт-Петербург — Душанберо дар яе аз нуқтаҳои билетфурӯшии ин шаҳр бо қимати қариб ду баробар бештар аз эълоншуда ба роҳ мондааст. 

Қимати билет барои ин парвоз 36 000 рубл эълон шудааст, аммо конслгарӣ тавассути миёнаравҳо боли ҳар билет аз мусофирон 25 000 меситонад. 

Тибқи иттилоъи ду корбари Паём, ки ба ин хатсайр билет гирифтаанд, 22 000 рубли он ҳақи консулгарӣ ва 3 000 рубли дигараш қимати маълумотнома дар бораи беморӣ аст, ки дар асоси он нафар ба кишвар баргардонида мешавад. 

Ҳеҷ гуна рӯйхатгирӣ вуҷуд надошта, ниёзмандону дармондагон, ки мақомот аз дар авлавият қарор доштани онҳо хабар медиҳанд, аслан ба парвоз роҳ намеёбанд. 

Корбарони Паём ду навори кӯтоҳеро ҳам аз фурӯши билетҳо дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшии Санкт-Петербург фиристодаанд. Дар наворҳо дида мешавад тоҷикони зиёде назди як нуқтаи билетфурӯшӣ ҷамъ шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *