Рубрики Хабарҳо

Трамп ба рафтан «розӣ шуд»

Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии Амрико, ки тули чанд рузи ахир сарсахтона барои надодани қудрат ба Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби ин кишвар мубориза мебурд, 

пас аз тасмим дар ҷаласаи муштарак, изҳорот пахш кард. Изҳороти ӯ тавассути  Твиттер паҳн карда шуд.

Дар изҳорот омадааст, «Ҳарчанд Трамп бо натиҷаҳои интихобот розӣ набуд, аммо гуфт, ки қудратро рӯзи 20 январ ба таври осоишта месупорад».

Маъмурияти шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter саҳифаи  Доналд Трампро бастаанд Ин аз он сабаб буд, ки Трамп аз эътирофи натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА даст кашид, инчунин интихоботро ба тақаллуб айбдор кард ва қоидаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро  вайрон кард. Дар ин бора дар ҳисоби расмии Twitter оид ба амният гуфта шудааст.

Аккаунти Фейсбуки Трамп 24 соат ва ҳисоби Твиттери ӯ 12 соат масдуд карда шудааст. Твиттер инчунин талаб дорад,  ки президент бояд се твитҳои баҳснокро хазф  кунад. Гузориш шудааст, ки дар сурати такрори қонуншиканӣ, ҳисоби Трамп комилан баста  шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Сенат ва Маҷлиси Намояндагони ИМА дар як ҷаласаи муштарак пирӯзии демократ Ҷозеф Байден дар интихоботи президентии 3 ноябр дар ин кишварро тасдиқ карданд.

Ҳамин тавр Байдени 78-сола баъди маросими савгандёдкунӣ, ки қарор аст 20-уми январ баргузор шавад, раисҷумҳури 46-уми Амрико хоҳад буд. 

Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи ӯ Камалла Ҳари рӯзи 20-уми январ расман савганд ёд кунанд. Аз ҳисоби ҳайатҳои интихоботӣ Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *