Рубрики Хабарҳо

Оқибати бидуни хайри Трамп

То поёни раёсати Трамп бар Амрико камтар аз ду ҳафта боқӣ мондааст ва ба назар мерасад раҳбарии чаҳорсолааш ба абарқудраттарин кишвари ҷаҳон барояш гарон тамом мешавад. Баъди рафтанаш аз қудрат ё ҳатто қабл аз он метавонад бо мушкилоти қонунӣ рӯбарӯ гардад. 

Додгоҳе дар Ироқ ҳукми боздошти Трампро содир кард. Раисҷумҳури Амрико дар куштори тарҳрезишудаи фармондеҳи неруҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ муттаҳам мешавад. Эрон ҳам бо ҳамин далел Трампро ба Интерпол супурд. 

Албатта ин ду қарор дар гумон аст, ки таъсире ба Трамп дошта бошанд ва кадом кишваре ё Интерпол онро ба назар гирад. Аммо дар дохили худи Амрико низ вазъи раисҷумҳураш чандон хуб нест. Тибқи иттилоъи расонаҳои амрикоӣ якбора дар чанд иёлати Амрико алайҳи Трамп тафтишот шурӯъ шудааст.

Дирӯз Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон ва Чак Шумер роҳбари демократҳо дар Сенат хостори барканории қаблазмӯҳлати раисҷумҳури Амрико шуданд. Ин ду намояндар дар маҷлис Трампро дар даъват ба шӯриши мусаллаҳона алайҳи Иёлоти муттаҳида муттаҳам карданд. Хонум Пелоси гуфтааст, агар муовини раиси ҷумҳур ва кобинаи ҳукумат ба иҷрои талаботи қонуни асосӣ шурӯъ накунанд, Конгресс кампини импичменти Трампро оғоз мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ва Чак Шумер, роҳбари демократҳо дар Сенат ба Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико то шомгоҳи панҷшанбе фурсат доданд, ки талаботи 25-уми қонуни асосии Амрикоро иҷро кунанд.

Бар асоси ин банди қонуни асосӣ, муовини раиси ҷумҳур ва кобинаи давлат дар сурати аз уҳдаи вазифаҳои худ набаромадани раиси ҷумҳур, метавонанд муовинашро ҷойгузини ӯ кунанд. То имрӯз ин талаботи қонуни асосии Амрико истифода нашудааст. Ба ин хотир расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, Майк Пенс тамоюле ба иҷрои талаботи 25-и қонуни асосиро надорад.

Бар иловаи намояндагони Ҳизби демократ, бархе аз ҳамҳизбиҳои Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ хоҳони барканории ӯ аз қудрат шуданд.

Трамп ҳанӯз ба ин изҳоротҳо ҳанӯз вокуниш накардааст. Саҳифаҳои вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шудаанд.

Ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп ба маҷлиси якҷояи ҳарду палатаи порлумони Амрико, ки дар таърихи муосири ин кишвар камсобиқа буд, боиси интиқодҳои тунд аз раиси ҷумҳури Амрико шудааст.

Аз ҷумла президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе аз президенти амалкунандаи Амрико Доналд Трамп интиқоди шадид кард. Байден Трампро дар заъифсозии демократияи амрикоӣ ва барангехтани эҳсосоте айбдор кард, ки рӯзи 6-уми январ боиси сар задани хушунат дар Вашингтон гардид.

Байден гуфт, ҷонибдорони Трампро, ки вориди бинои Капитол шуданд, наметавон, «эътирозгар» унвон кард. Вай ин афродро «анбуҳи ҳамлагар» ва «террористи дохилӣ» номид. Байден аз Трамп низ интиқоди шадид кард, ки шикасташро дар интихоботи президентӣ намехоҳад, эътироф кунад. Байден мустақиман ба истеъфои Трамп даъват накард, аммо гуфт, рафтори Трамп ба ҳайси президент боиси заъиф шудани демократия гардидааст.

Трамп то ҳол натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва бидуни овардани далели мушаххас мегӯяд, дар интихобот тақаллуби густурда шудааст. Вале Трамп ваъда дод, ки рӯзи 20-уми январ қудратро ба Ҷо Байден месупорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *