Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси ҲСДТ дар зиндон аз роҳгардӣ мондааст. Пайвандонаш вазъи саломатии ӯро “риққатбор” номида аз мақомоти зиндон хостаанд, то Одинаевро дар беморхонаи маҳбас бистарӣ созанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони ӯ хабар медиҳад.
Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, ки чанд рӯз пеш ӯро дар зиндон дида будааст, гуфтааст, шавҳараш дучори фишори хун, бемории дил буда, аз баста шудани роҳи пешобдон (аденома) азият мекашад ва бидуни асобағал роҳ гашта наметавонад.
“Аз рӯзи 3 то 7-уми феврал ҳамроҳи кӯдаконам бо Маҳмурод будам. Ҳамон ду сол пеш, вақте аз ҳолаш хабар мегирифтам, роҳ гашта наметавонист ва аз бемори дилу фишор шикоят мекард. То ҳол беҳбудие нест. Пештар дар беморхонаи маҳбас буд, ҳоло бо ин вазъ, боз ба утоқи маҳбас овардаанд,” — гуфта ҳамсари Маҳмурод Одинаев.
Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев мегӯяд, падараш дар аввали моҳи феврал ба мақомоти маҳбас нома навишта, хоҳиш кардааст, ки дар бемористон бистариаш кунанд.