Рубрики Хабарҳо

“Хисороти заминларзаи Туркия мумкин аст ба $84 млрд бирасад”

Як гурӯҳ бозаргонии Туркия ҳаҷми хисороти ношӣ аз заминларза дар ин кишварро 84.1 миллиард доллар тахмин задааст. 

Конфедератсияи ширкатҳо ва тиҷорати Туркия гуфта, ки бозсозии хонаҳо 70 миллиард доллар барои Туркия ҳазина хоҳад дошт. 

Шумори талафоти бадтарини заминларзаи як қарни ахири Туркия ҳам аз 36 ҳазор нафар гузаштааст. 

Конфедератсияи ширкатҳо ва тиҷорати Туркия бо нашри гузорише гуфта, ки 70 миллиард доллар барои бозсозии хонаҳо ва 10.4 миллиард доллар барои барқарории 10 дарсади аздастрафтаи даромади миллӣ ниёз аст. 

Ин дар ҳоле аст, ки як мақоми давлатӣ ин рақамро беш аз 50 миллиард доллар эълом кардааст. 

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфтааст, ки давлат дар муддати як сол кори бозсозии хонаҳоро такмил хоҳад кард. 

Ӯ гуфта, ки давлат дар ҳоли барномарезӣ барои “истодагии дубораи кишвар” аст. 

То кунун шумори талафоти заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Туркия ва Сурия аз марзи 36 ҳазор гузаштааст. 

Гурӯҳҳои наҷот дар ҳоли берун овардани қурбониён аз зери вайронаҳо ҳастанд ва ҳар соат ба шумори талафоти ин заминларза афзуда мешавад. 

Ҳудуди 13 миллион нафар дар даҳ устони Туркия дар ин заминларза осеб дидаанд, ки 15 дарсад ҷамъияти Туркияро ташкил медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *