Рубрики Хабарҳо

Дар Тоҷикистон ҳамёнҳои электронӣ маъмултар шудаанд

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамёнҳои электронӣ нисбат ба кортҳои бонкӣ маъмултар шудаанд. Тибқи маълумот, дар соли 2022 ҳаҷми пардохтҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ 6,3 миллион сомонӣ ва истифодаи корт 5,1 миллион сомониро ташкил додааст.

Шумораи умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 5 миллиону 730 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021ум  2 миллиону 830 ҳазор адад зиёд шудааст.

Қайд карда мешавад, ки ҳамасола маъруфияти пардохтҳои электронӣ афзоиш меёбад. 4 сол пеш маблағи пардохтҳои электронӣ аз ҳамёнҳои онлайнӣ ҳамагӣ 20 ҳазор сомониро ташкил медод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *