Эмануел Макронро памидоркӯб карданд
Раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ҳангоми сафараш ба музофоти Иле-де-Франс мавриди “ҳамла”-и помидорборон қарор гирифт. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба ВАОи фаронса навишт.
BFMTV навореро пахш кард, ки аз ҳар сӯ помидорҳо ба сӯи раисҷумҳур ҳаво мехӯранд. Ходимони амният фавран чатрро болои сари Макрон нигоҳ доштанд, то ӯро муҳофизат кунад. Пахши мустақими телевизионӣ давоми чанд сония катъ гардид.
***
AutoNews хабар дод, ки ширкати истеҳсоли мошини тамғаи Toyota дар охири соли 2021 пешсафтарин корхонаи автомобилсозӣ гардид. Ҷопонҳо дар маҷмӯъ 10,49 миллион адад мошин фурӯхтаанд.
Дар ҷои дуюм ширкати олмонии Volkswagen бо фурӯши — 8,3 миллион мошин аст. Ин нисбат ба соли 2020 7% камтар аст. Сегонаи беҳтаринро General Motors, ки 6,29 миллион мошин (-8 фоиз камтар) фурӯхтааст, анҷом дод.
Стеллантис бо 5,29 миллион адад, + 4 фоиз ва Honda бо 4,12 миллион адад, -6 фоиз низ дар панҷгонаи беҳтарин мошинсозони ҷаҳон ҳастанд.
Аз ҷиҳати даромад бошад, ҳамоно Toyota аз Volkswagen қафо мондааст. Олмониҳо дар соли 2021 250 миллиард евро, Toyota бошад 238 миллиард евро ба даст овардаанд. Дар ҷои сеюм Stellantis бо 149 миллиард евро қарор дорад.
Тибқи маълумот, сармояи бозори Tesla 868 миллиард долларро ташкил медиҳад (то 16 марти соли 2022). Ин аз Toyota (231 миллиард доллар) тақрибан чаҳор маротиба бештар аст.
Тесла соли гузашта ҳамагӣ 930 000 мошини барқӣ фурӯхтааст, дар ҳоле ки Toyota тақрибан 10,5 миллион мошин истеҳсол кардааст. Ин назар ба Tesla 10 маротиба зиёдтар аст.
***
Нашрияи Forbes интишор кардааст, сарвати Илон Маск пас аз розӣ шудан ба харидани Твиттер дар як рӯз то 29 миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин сабаби фурӯпошии саҳмияҳои Tesla буд.
То субҳи 27 апрел дороии феълии Маск 239,2 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ӯ ҳамчунон сарватмандтарин одами ҷаҳон боқӣ мемонад. Қисми зиёди сарвати Илон Маск аз саҳмияҳои ӯ дар Tesla — 21 фоиз ба даст меояд. Сармоягузорони ширкат бовар надоранд, ки Маск метавонад дар як вақт се ширкатро босамар идора кунад (Tesla, SpaceX ва Twitter).
***
ТАСС навиштааст, ки мақомоти Шветсия аз Иттиҳодияи Аврупо барои интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина ҷуброн талаб кардаанд.
Аз оғози даргирӣ дар Украина ҳукумати Шветсия Киевро бо норинҷакафкани зиддитонкӣ, таҷҳизоти безарарсози мина, кулоҳҳои амнӣ, зиреҳпӯшҳо ва ратсионҳо дар саҳро таъмин кардааст.
Дар маҷмӯъ, Шветсия барои кӯмаки низомӣ ба Украина беш аз 110 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Ҳоло кишвар умедвор аст, ки ҳадди ақалл як қисми хароҷотро аз ҳисоби Иттиҳодияи Аврупо пӯшонад.
***
Дар пайи ҳаводиси Украина қарзи давлатии Олмон то 40 миллиард евро афзоиш хоҳад ёфт
Расонаи хабарии “DPA” иттилоъ додааст, ки ҳукумати федеролии Олмон афзоиши қарзи давлатии ин кишварро ба далели таъсири ҳаводиси Украина ба 39,2 миллиард евро тасвиб кард.
Ҳамин тариқ, қарзи давлатии Олмон дар соли ҷорӣ 138,9 миллиард евроро ташкил медиҳад. Зимнан зикр гардид, ки маблағҳои изофӣ барои дастгирии соҳибкорони Олмон ва аҳолии кишвар дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ истифода хоҳанд шуд.
Илова бар ин, як қисми маблағ барои қабул ва нигаҳдории гурезаҳо равона карда мешавад.
***
Sputnik Қазоқистон хабар додааст, Фурудгоҳи Петропавловск дубора ба фурӯш гузошта шуд, ки ин навбат нархи ибтидоиро ду баробар коҳиш додаанд
Як моҳ пеш мехостанд фурудгоҳро ба маблағи 5,6 миллиард танга бифурӯшанд, аммо харидоре набуд. .
Ҳоло нархи ибтидоии фурудгоҳ дар музояда ду баробар коҳиш ёфта, ҳудуди 2,8 миллиард тангаро ташкил медиҳад. Эълони музояда дар Платформаи савдои электронӣ пайдо шуд. Тендер 12 май ба нақша гирифта шудааст..
***
Тими «Ливерпуль» дар бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бар «Вильярреал» бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Барои мунтахаби Англия ин ғалабаи нуҳумин дар мавсими имсола дар Ҷоми Аврупо мебошад.
Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Вильярреал” рӯзи 3 май дар Испания баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти Маскав оғоз мешавад.