Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам аз паи Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳали мусолиатомези масоили марзӣ шуд. Дар муроҷиати худ ба шаҳрвандони кишвараш дар рӯзи ёдбуди онҳое, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон рӯзи 27 апрели соли 2021 ҳалок шуданд, Ҷабборов аз пешрафт дар гуфтушунид бо Тоҷикистон дар таъйини сарҳади давлатӣ хабар дод ва гуфт “аммо то ҳол мушкил боқӣ мемонад”.
“Мо ба манофеъ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя эҳтиром мегузорем. Ман барои ин иродаи сиёсии кофӣ дорам. Дар ҳамин ҳол, мо ба иғво дода нашуда, аз ҳар гуна фитна дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ мекунем ва бо сабру таҳаммул амнияти миллиро таҳким мебахшем”, — гуфтааст ӯ.
Ҷабборов бо таъкид ба таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфтааст “масоили марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо тавассути гуфтушунид ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шаванд. Раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ахиран зимни сафараш ба вилояти Суғд низ изҳор дошт, ки манфиатдор аст масъалаҳои марзӣ бо ҷониби Қирғизистон танҳо бо роҳи музокироти сулҳомез ҳал шавад”, — таъкид кардааст Ҷабборов.
Раисҷумҳури Қирғизистон ба мардумаш итминон додааст, ки дар ҳалли масъалаҳои марзӣ манофеъи миллии қирғизҳоро дар авлавият қарор медиҳад, аммо дар ҳамин ҳол “ба манофеи Тоҷикистони ҳамсоя арҷ мегузорад”.
Дар низоъи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта рух дод, аз ҳар ду ҷониб 55 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар захмӣ шуданд.