Рубрики Хабарҳо

Аз Ставропол, аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон маҳсулоти гуштӣ содир шудааст

Вазорати кишоварзии минтақаи Ставрополи Федератсияи  гуфт, ки имсол дар ин вилоят содироти маҳсулоти гӯштӣ чанд маротиба зиёд шудааст ва хаҷми маҳсулоти тайёр ба 816 тонна расид. Барои муқоиса: дар ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 9 тонна маҳсулот аз вилоят содир шуда буд.

Бино ба иттилои манбаъ харидори асосии маҳсулоти гуштии Ставропол Тоҷикистон мебошад. Аз Ставропол ба Тоҷикистон имсол фиристода шудааст. Ба Узбекистон 96 ва  ба Муғулистон 94 тонна фиристода шудааст.

Хабари харидории ниме аз истеҳсоли маҳсулоти гуштии танҳо як корхонаи Русия аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамвора мақомоти Тоҷикистон нишондаҳои истеҳсоли гушт ва маҳсулот аз онро дар дохил беш аз пеш нишон медиҳанд. 

Тибқи маълумоти расонаикардаи Вазорати кишоварзии кишвар, аз аввали соли 2022 истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли худро беш аз 44% афзоиш доданд.

Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-март дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 44,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин истехсоли гушт аз чорвои калону майда низ дар ин давра 3,5 фоиз афзудааст. Зиёда аз аз нақшаи пешбинишуда ба миқдори 36,7 ҳазор сосонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 истеҳсоли гӯшт то ба 278,1 ҳазор тонна расонида мешавад.

Бо кадом роҳ таъмин кардани ин нишондиҳанда мушаххас нест. Илова бар ин, маълумот дар бораи талаботи солонаи кишвар ба гӯшт мавҷуд нест.

Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир арзиши бозории 1 кг гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон 65-67 сомониро ташкил медиҳад.

Имсол Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи қариб 30 ҳазор тонна гушт ва маҳсулоти гуштй фӯрухтанист.

Қаблан маълум шуда буд, ки ҷаҳиши истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар ду моҳи аввали соли 2022 қариб 50% -ро ташкил додааст. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода изҳор дошт, ки дар тӯли 3 соли охир корхонаҳои мурғпарварӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Дар ин се сол 116 корхонаи маҳсулоти гуштӣ ба кор даромадааст.

Бо вуҷуди ин воҳимаҳо ҳамоно Тоҷикистон ниёзманд ба воридоти маҳсулоти гуштӣ боқи мемонад. Нархи гушт ва маҳсулоти гуштӣ дар Тоҷикистон дастнорас ба аксари аҳолии кишвар мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *