Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР / 29.04

Шабакаи CNN хабар дод, бар асари фурӯ рехтани кӯпрук дар шаҳри Бохоли Филиппин чаҳор нафар ҷон бохтанд. 

Намояндаи пулис ба хабарнигорони шабака гуфтааст, пули Кларин дар минтақаи Барангай-Побласон бар асари вазни гарони нақлиёти ҷамъшуда фурӯ рехтааст.

Губернатори Боҳол Арт Яп марги чаҳор нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Утришро тасдиқ кард. Илова бар ин, дастикам 11 мошини дигар ба дарё афтодаанд, ки имкон шудааст 20 нафар ронандаро наҷот диҳанд.

***

Шурӯъ аз 1 май интиқоли гази Русия ба Молдова  қатъ мешавад. 

NewsMaker навиштааст, ки нахуствазири Молдова Наталя Гаврилитса итминон дод,  агар Газпром интиқоли газ ба Молдоваро қатъ кунад, ҳукумат имконоти алтернативӣ дорад, аз ин рӯ шаҳрвандон бе газ намемонанд.

Ӯ гуфт, мо мавқеъи Кишинёвро аллакай шарҳ додем ва мунтазири посух ҳастем.

***

Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз Кунгураи Амрико хостааст, ба Украина 33 миллиард доллари иловагӣ кумак кунад.

Бастаи ҷадид ҳудуди 20,4 миллиард доллар кумаки низомӣ, 8,5 миллиард доллар кумаки иқтисодӣ ва 3 миллиард доллар кумаки башардӯстонаро дар бар мегирад.

Раиси Кохи Сафед ҳамчунин пешниҳод кард, ки як бастаи мукаммали қонунҳо тасвиб шавад, ки аз амволи мусодирашудаи олигархҳои рус барои кӯмак ба Киев истифода кунанд.

Ӯ гуфтааст: «Олигархҳо як қисми системаи фасоди сиёсӣ дар Русия мебошанд, ки ҳаргиз одамони хуб нестанд. Мо хонаҳои боҳашамат, яхта ва дигар молу мулки онҳоро мусодира мекунем ва барои кӯмак ба Украина истифода мебарем.”

***

Рӯзи панҷшанбе 28 апрел дар ҷазираи Минданаои Филиппин заминларзаи 5,1 дараҷаӣ рух дод.

Маркази заминларза дар 16-ум километрии шимолу шарқи Бургос, шаҳри дорои тақрибан 4000 нафар аҳолӣ будааст. Манбаи ларзиш дар умқи 23 километр ҷойгир аст.

***

Системаи байналмилалии пардохти Mastercard ба далели мутаваққиф шудани фаъолият дар Русия ва таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи муштариёни инфиродӣ 34 миллион долларро аз даст дод. 

Зарари семоҳа аз фаъолияти низоми пардохтӣ дар Федератсияи Русия 4 миллион долларро ташкил дод, ки ин ҳолат мустақим ба таҳримҳои ҷорӣ дар Русия ва боздоштани амалиёти тиҷоратӣ вобаста  аст.

Mastercard Inc. — оператори яке аз калонтарин системаҳои пардохтии ҷаҳон аст. Системаҳои байналмилалии Visa ва Mastercard дар авоили моҳи март эълон карданд, ки фаъолияташон дар Русияро мутаваққиф мекунанд. Visa қаблан хабар дода буд, ки хисороти он дар Русия бо ҳамин далоил 35 миллион долларро ташкил додааст.

***

Хабаргузории Reuters: Дар Конго эмкунӣ алайҳи вируси Эбола оғоз шуд.

Соли 1976 дар наздикии дарёчаи Эбола дар шимоли Конго вируси ҳавфноке кашф шуда буд, ки онро Эбола ном гузоштанд. 

Ҳоло дар кишвар маротибаи 14 ум аст, ки шуйӯи вируси Эбола мушоҳида мешавад. Ин навбат ҳам аллакай  ду нафар вафот карданд. Бемори аввал санаи 21 апрел ва дуввумӣ 26 апрел даргузашт. 

***

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш эътироф кард, ки Шӯрои Амнияти СММ дар пешгирӣ ва хатми ҷанги Русия алайҳи Украина қодир нест. 

Рӯзи 28 апрел дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Киев омад ва бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кард. Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Гутерриш ҳам, артиши Русия ба маркази Киев ҳамла кардааст. Вазири умури хориҷии Укроин Дмитрий Кулеба гуфт, ки дар ҷараёни сафари дабири кулли СММ ба пойтахт. истифодаи Русия аз мушакҳои болдор алайҳи Киев, “Ваҳшонияти нафратовар” аст. 

Худи Гутерриш, ки як рӯз пеш барои мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вориди Маскав шуда буд, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин тарз амали русҳо  «шок» шудааст.

***

ТАСС бо истинод ба NHK хабар дод, дар Ҷопон тасдиқ шуд, ки ҳангоми ба садама дучор шудани киштии сайёҳии “Kazu1” 14 нафар кушта шудаанд. 

Ҳамчунин мушаххас  шуд, ки посбонон  киштии ғарқшударо дар қаъри баҳр пайдо кардаанд ва он дар чукурии кариб 100 метр вокеъ буд.

Чанде қабл киштии круизии «Казу 1» дар шимоли Япония бонги хатар дода буд, ки хамаи аъзоёни экипаж ва мусофирон либоси начот пӯшанд. Дар киштӣ 26 нафар буданд ва ба ҷои ҳодиса қаиқҳои посбонӣ ва як ҳавопаймо фиристода шуданд. 12 нафар мусофирон наҷот дода шуданд. Сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

***

Нашрияи Le Monde навиштааст, нахуствазири Булғористон Кирил Петков гуфт, дар сурати интиқоли силоҳ ба Украина аз ҳамлаи Русия наметарсад. Сиёсатмадор гуфт, ки ӯ ба НАТО бовар дорад. 

Вай таъкид кард, ки Лаҳистон, Руминия, Олмон, Фаронса, Бритониёи Кабир ва ИМА аз Киев аллакай пуштибонӣ мекунанд ва онҳоро низ ҷанге таҳдид намекунад.

Ба гуфтаи Петков, ҳамла ба яке аз кишварҳои Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ маънои ҳамла ба ҳама кишварҳоеро дорад, ки узви НАТО мебошанд. «Ва Русия аз ин воқеият огоҳ аст» 

***

Ба гузориши  El Nacional дастаи футболи «Реал» ба нимҳимоягари франсузи тими «Манчестер Юнайтед»  Поль Погба таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. 

Ба иттилои манбаъ, «Клуби шоҳона» метавонад нимҳимоятгар Тони Кроосро бифурӯшад ва ду нимҳимоятгар – Аурелен Тчуамениро аз тими  «Монако» ва Пол Погбаро аз тими «Манчестер Юнайтед» бигирад.

Ёдовар мешавем, ки Погба соли 2016 аз “Ювентус” ба “Манчестер Юнайтед” гузашта буд. Он вақт нархи интиқол 100 миллион евро буд.Нимҳимоятгари 29-сола дар мавсими ҷорӣ дар 20 бозии Лигаи Премерӣ баромад карда, як гол ва 9 партофти кӯмакрасон бар гол кардааст. Дар айни замон арзиши интиқоли футболбози фаронсавӣ 55 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *