Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамоми ҷаҳон нашр кард, ки дар ин гузориш ҷойгоҳи Тоҷикистон дар озодии баён даҳ зина беҳтар нисбат ба соли пешин шуда, аз мақоми 162 – юм ба 152 – расидааст.
Бино ба гузориши ин созмон дар соли гузаштаи 2021 Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор гирифта буд, ки озодии матбуотро ба шиддат саркӯб мекунанд.
Баҳодиҳӣ дар шохиси имсолаи Гузоришгарони Бидуни Марз аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, қонунмеҳварӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ тартиб дода шудааст.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар гузориши индафаъина, вазъи сиёсии Тоҷикистон дар байни 180 кишвари дунёро бо 33,79 хол дар мақоми 164, вазъи иқтисодӣ бо 29,85 хол дар мақоми 152, вазъи ҳуқуқу қонунмандӣ бо 48,68 хол дар мақоми 139, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо 46 хол дар мақоми 154 ва аз нигоҳи амниятӣ бо 42,96 хол дар мақоми 132 ҷо додааст.
Паём аз коршиносон пурсид, ки бо назардошти беҳтар шудани кадом ҷанбаҳои озодии баён ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ин шохис 10 зина боло шудааст?
Зафари Суфӣ шоир, рӯзноманигор
Режими Эмомалӣ Раҳмон тайи 30 сол ҷомеаи ҷаҳониро ба амалҳои ваҳшиёнаву одамхӯрии худ одат кунонидааст. Ва дар соли гузашта асосан ба намоиши симои мусбати пешқадам ва эҷоди роҳҳои интиқоли қудрат ба меросбараш банд буд. Дар ин як соли охир ҳеҷ кадоме аз рӯзноманигорон кушта ё зиндон нашуданд. Далер Шарипов соли гузашта ва имсол Муҳаммадюсуф Исмоилов, ин ду рузноманигор аз зиндон озод шуданд.
Дар ин давра, дигар аз рондани рӯзноманигорон, рад кардани аккредитатсия, таҳдиду фишорҳо, ки аллакай маъмул буд, кор гирифта нашуд. Худи ин аллакай як қадами калоне ба пеш буд. Ҳар касе, ки ба режим халал мерасонд, то ин вақт ё кушта шуд, ё дар зиндон аст ва ё аз кишвар ронда шудааст. Боқимондаҳоро чигуна даҳон баста, сухан гуфтану навиштанро ёд додаанд, ки чи гуфтан иҷозат аст ва чиҳоро набояд гуфт.
_________
Бояд гуфт, бо вуҷуди ин ки дар гузориши ГБМ мақоми Тоҷикистон 10 зина боло рафтааст, аммо ҳамоно дар гузориш
гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки худро «Пешвои миллат» ва «кафили якпорчагии Ватан» хондааст, озодии матбуотро дар қабзаи худ гирифта, болои расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорон фишори зиёд овардааст, то онҷо, ки баъзе онҳо тарки Ватан кардаанд. Онҳое ҳам, ки дар дохил боқӣ мондаанд, зери таъқибу фишори ҳкумат қарор доранд, ки ё сукут ихтиёр кардаанд ва ё чизе берун аз хостаҳои ҳукумат гуфта наметавонанд.
Дар гузориш бастани сомонаҳои хабарии мустақил яке аз монеаэҷодкуниҳо ва халал ба озодии матбуот аз ҷониби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шудааст.
Илова бар ин дар гузориш гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба иттилооти аз ҷониби мақомот пешниҳодшуда барои расонаҳои мустақил ниҳоят маҳдуд боқӣ мемонад.