Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бар сари бастаи иқтисодии 540 млрд евроӣ барои кумак ба ширкатҳо ва кишварҳои осебдида ношӣ аз паёмадҳои коруно тавофуқ карданд. Садри аъзами Олмон гуфт, ки “сандуқи қарзӣ ва бадеҳии муштараки аврупоӣ” мавриди тавофуқ қарор нагирифтааст.
Иҷлоси видеоии чаҳор соатаи сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи панҷшанбе 23 апрел бо тавофуқ бар сари бастаи ҳимоятии иқтисодӣ аз кишварҳои осебдида ношӣ аз паёмадҳои шуйӯъи вируси коруно поён ёфт. Ин баста шомили кумаке ба арзиши маҷмӯъан 540 млдр евро аст.
Ҳудуди ду ҳафта пеш вазирони дороии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пас аз соатҳои баҳс бар сари садҳо млрд евро кумаки молӣ барои муқобила бо паёмадҳои иқтисодии коруно тавофуқ карда буданд. Ҳоло сарони Иттиҳодияи Аврупо тарҳи бастаи молии 540 млрд евроиро тасвиб карданд.
Ризояти Меркел аз тасвиби бастаи молӣ
Ангело Меркел, Садри аъзами Олмон баъд аз нишасти видеоӣ ризояти худро аз натоиҷи ин ҷаласа эълом кард. Меркел гуфт бастаи молӣ шомили се қисмат хоҳад буд: Бахши аввал кӯмак ба ширкатҳои кӯчак ва мутавассит аз тариқи Бонки сармоягузории Аврупо (EIB), бахши дуввум ҳимоят аз баэътидолории нерӯи кор хоҳад буд ва бахши севвум пардохти вом барои кишварҳои осебдида аз тариқи “мехонизми Суботи иттиҳодияи Аврупо” (ESM) хоҳад буд.
Меркел афзуд дар сурати тасвиб ин тарҳ дар парлумонҳои кишварҳои аврупоӣ бастаи ҳимояти молӣ эҳтимолан аввали июни 2020 дар ихтиёри аъзои Иттиҳодияи Аврупо қарор хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи Меркел бӯҳрони коруно ҳама кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба дараҷоти мухталиф таҳти таъсир қарор дода ва ёфтани як роҳи ҳали муштарак ба нафъи Олмон аст.
Садри аъзам ҳамчунин таъкид кард Олмон саҳми зиёде дар будҷаи Иттиҳодияи Аврупо дорад аммо мушаххас накард, ки кишвараш чӣ миқдор аз кӯмакҳои бастаи молии тасвибшударо бар ӯҳда гирифтааст.
Тарҳи «авроқи қарзии муштараки аврупоӣ” рад шуд
Дар остонаи тавофуқи сарони Иттиҳодияи Аврупо бар сари бастаи ҳимояти молии “қарзӣ ва бадеҳиҳои муштарак» ба мавзӯъи доғи сиёсӣ табдил шуда буд.
Ин мавзӯъ дар музокироти вазирони дороии Иттиҳодияи Аврупо ҳам, ки дар чандин давр анҷом гирифт, се рӯз ҷараён дошт. Дар ниҳоят низ баррасии тарҳ “гирифтани воми муштарак ва доштани бадеҳиҳои муштарак” ба оянда мунтақил шуда буд.
Ҳоло Меркел хабар дода “авроқи қарзии муштараки аврупоӣ барои таъмини будҷаи давлатҳо” мавриди тасвиб қарор нагирифтааст. Меркел гуфт бадиҳиҳоро наметавон муштарак кард.
Бар хилофи Садри аъзами Олмон, Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз натиҷаи нишаст ризояти чандоне надошт. Раисҷумҳур Фаронса гуфт ҳанӯз ихтилофи назар вуҷуд дорад.