Рубрики Хабарҳо

СҶБ фарбеҳиро эпидемия эълон кард

Инсоният  метавонад  дар солҳои наздик бо як хатари дигари глобалӣ рӯбарӯ шавад. Ин хатар фарбеҳӣ аст!  Бино ба маълумоти гирдомада, дар 30 соли ахир теъдоди афроди фарбеҳ дар ҷаҳон се баробар афзоиш ёфтааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт  нигаронии ҷиддӣ аз он дорад,  ки то соли 2030 тақрибан 45 дарсади аҳолии ҷаҳон метавонад ба фарбеҳӣ мубтало  шавад. Ташвишовартараш ин аст, ки миқёси мушкилот аллакай ба сатҳи хавотирӣ расидааст. Ин аст, ки дирӯз СҶБ фарбеҳиро дар минтақаи Аврупо эпидемия эълон кард.

Директори минтақавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Ҳанс Клюге қайд кард, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19, Аврупо эпидемияи дигар — фарбеҳиро аз сар мегузаронад. Дар кишварҳои Аврупоӣ  фарбеҳӣ дар байни калонсолон нисбат ба дигар минтақаҳо хеле бештар ба назар мерасад.

 Тибқи гузориши созмон, 60 дарсади аҳолии болиғе, ки дар минтақаи Аврупо зиндагӣ мекунанд, аз вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ азият мекашанд.  Илова бар ин, аз ҳар се нафар кӯдак якеаш вазни зиёдатӣ дорад. Ташхиси фарбеҳӣ дар шумори писарон 29 дарсад  ва байни духтарон 27 дарсад маълум шудааст. 

Ҳолати ҳузновараш ин аст, ки  ҳамасола аз азияти фарбеҳӣ 1,2 миллион нафар вафот мекунанд.

Суоле пайдост, ки  оё имкони дар муддати кӯтоҳ ҳал кардани ин муаммо вуҷуд дорад?

Аз рӯйи хулосаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, бо назардошти динамикаи кунунӣ, то соли 2025  ҳеҷ  як  кишвари  Аврупо  наметавонад  дар  мубориза бо фарбеҳӣ  ба натиҷаи мусбате  ноил шавад.

Коҳиши фаъолияти ҷисмонӣ ва оқибатҳои бади ин ҳолат, тановули ғизои нодуруст ва низ маҳдудиятҳои вируси куруно  дар солҳои оянда низ ба саломатии одамон зарар мерасонанд.

Бо назардошти ин ҳолат, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт  як қатор тавсияҳое дод, ки ба ҳалли самараноки мушкилот нигаронида шудаанд.

 1. Чорй намудани андоз аз нушокихое, ки дар таркибашон канд доранд, таъсири калон мерасонад;

2. Арзон кардани қимати озуқавории барои саломатӣ муфид, сабзаҷоту меваҳо ва маҳсулоти мутлақо табииӣ.

Иштироки ахолиро дар мусобикахои варзишӣ ва дигар чорабинихое, ки ба таргиби тарзи хаёти солим нигаронида шудаанд, вусъат додан зарур аст;

3. Системаи дастрасӣ ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бояд содда карда шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *