Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР/26.04

Губернатори вилояти Белгороди Федератсияи Русия Вячеслав Гладков дар канали Telegram-и худ навиштааст, ки  Рустои Нехотеевкаи Русияро ҷанговарони ҷониби Украина таҳти тирборон қарор  доданд. 

Оиди тирпарронӣ ва хисорот чунин шарҳ додааст: “Манзилҳо ва мошинҳои шахсӣ хароб шуданд.  Ҳеҷ талафоти ҷонӣ  миёни мардуми  ғайринизомӣ дида намешавад.”

***

 Шабакаи иҷтимоии Twitter-ро Илон Маск харид

Хабаргузории Reuters иттилоъ дод, Илон Маск, сарватмандтарин марди сайёра ва молики Tesla ва SpaceX, созишномаи харидани Twitter Inc.-ро ба маблағи 44 миллиард доллар имзо кард. 

Музокирот оид ба созиш, ки ҳафтаи гузашта норавшан ба назар мерасид, дар охири ҳафта пас аз он суръат гирифт, ки Маск саҳҳомони Твиттерро бо пешниҳоди аз ҷиҳати молиявӣ фоидаовар дар ҳайрат гузошт. Twitter бо соҳибкор ба чунин қарор омаданд, ки ширкатро бо нархи  54,2 доллар барои ҳар як саҳмия савдо кунанд.

Саҳмияҳои ширкат пас аз баста шудани муомилот дар шоми душанбе тақрибан 6 дарсад афзоиш ёфт.

***

Расонаи “Channel NewsAsia” гузориш додааст, ки вулқони Анак-Кракатау ном дошта дар гулӯгоҳи Сунда байни Ява ва Суматра забона задааст.

Сутуни хокистари вулкан ба баландии кариб 3 километр баромада,  тайи ҳафтаҳои ахир ин вулқон 21 бор таркиш кардааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дастикам 2 километр дуртар аз вулқон бошанд. Дар минтақа сатҳи баландтарини таҳдид  эълон шудааст.

Соли 2018 дар ҳоли ба ҳамин дараҷа таркидани вулқон, сунамӣ ба вуҷуд омада,  дар натиҷа  429 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

***

Хароҷоти низомии ҷаҳон бори аввал аз 2 триллион доллар гузашт, ки баландтарин сатҳи таърих аст.

Маркази пешбари таҳлили дифои Шветсия, Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Стокҳолм гузориш дод, ки хароҷоти ҷаҳонии  мудофиа соли ҳафтум аст, ки паиҳам афзоиш меёбад.

Бар асоси маълумоти  нави рӯзи душанбе  аз ҷониби  созмон  интишоршуда, бахши умдаи хароҷоти низомии ҷаҳонро Иёлоти Муттаҳида, Чин, Ҳинд, Бритониё ва Русия ташкил додаанд. Харочоти харбии ин кишварҳо 62 фоизи харочоти умумиро ташкил додааст.  Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 хароҷоти дифоъии кишварҳо 2,1 триллион долларро ташкил дод. 

***

Дар Узбакистон бахшида ба рӯзи ғалаба, имсол паради низомӣ баргузор намешавад

Дар ин бора намояндагони вазорати дифоъ хабар доданд. Муовини сардори Сарраёсати корҳои тарбиявӣ ва идеологии Вазорати мудофиа подполковник Ойбек Мамадалиев ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи паради ҳарбӣ  посух дод. Вай гуфт, дар арафаи 9 май баргузории паради низомӣ дар саросари Узбакистон дар назар нест. Қаблан аз ҷумҳурии Қазоқистон низ ба ҳамин маъно хабаре нашр шуда буд.

***

Dазири корҳои хориҷии Русия  Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи аввал гуфт: “Таҳдиди ҷанги ҳастаӣ ҳоло он қадар бузург аст, ки набояд онро нодида гирифт. Ман намехоҳам ин хатарҳоро ба таври сунъӣ афзоиш диҳам ва хоҳишмандонаш зиёданд. Хатар ниҳоят ҷиддӣ аст”

Лавров ёдовар шуд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ кишварҳои “панҷгонаи ҳастаӣ”, аз ҷумла Русия ин тезисро тасдиқ карданд, ки набояд ба ҷанги ҳастаӣ роҳ дода шавад. «Ин мавкеи принципии мост. Мо кӯшиш мекунем, ки ин корро анҷом диҳем”, — афзуд Лавров.

***

Имрӯз дар марҳилаи ниманиҳоӣ тими футболи “Манчестер сити” дар майдони ҳуд дастаи Реалро қабул мекунад. 

Дастаҳо соати 22:00 ба вақти Маскав дар варзишгоҳи «Этиҳад»-и Манчестер ба майдон мебароянд.  Рафти бозиро  шабакаи телевизионии Матч мустақиман намоиш медиҳад.

***

Аз сабаби нарасидани ҳалабонҳо ҳаракати хавой дар фазой Варшава  махдуд мешавад. 

Маҳдудиятҳо аз 1 май эътибор пайдо мекунанд. Онҳо ба фурудгоҳи марказии Варшава Фредерик Шопен ва фурудгоҳи Модлин, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии арзон хидмат мерасонанд, дахл доранд.

Сабаби ба амал омадани чунин вазъият аз кор хорич шудани ҳалабонхои зиёд буд. Дар охири мохи март аз 216 корманди хадамоти идораи харакати хавой, ки ба хамаи аэропортхои Польша хизмат мерасонанд, дар як вакт 44 нафарашон аризаи истеъфои худро пешниход кардаанд. Зиёда аз 100 нафар дар ҳоли ихтисор қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *