Рубрики Хабарҳо

«ИНТ макони нифоқу ҷудоиандозӣ ва манфиатхоҳӣ шуд”

Имрӯз, 10-уми май, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 85 сола шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 85 сол муқаддам, соли 1934 ба хотири муттаҳид кардани адибони тоҷик таъсис ёфта, нухбагони адабиёти тоҷик аъзои он буданд. Солҳои охир бо коҳиш ёфтани теъдоди алоқамандони адабиёт Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз маркази таваҷҷуҳ дур монд. Дар бораи зарурати фаолияти ин иттиҳодия дар сомонаи tajikistan times чанде аз адибону эҷодкорон изҳори назар кардаанд.

Шоираи тоҷик, Зулфия Атоӣ зарурати Иттифоқи нависандагонро дар кашфи истеъдодҳои нав, дарёфти эҷодкорон, тарбия ва тарғиби онҳо медонад.

Ӯ мегӯяд,  имрӯз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мисли солҳои пеш имкони нашри асарҳои шоиру нависандагонро надорад, ба эҷодкорон хона намедиҳад, аммо муттаҳид кардани аҳли адаб рисолати азаливу абадии ин иттифоқ боқӣ мондааст.

Меҳмон Бахтӣ, нависандаи халқии Тоҷикистон, ки дар собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт мегӯяд, вазифаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, албатта, муттаҳид кардани адибон ва муаррифӣ кардани асарҳои дархӯри замон аст. Дар 26-27 соли охир гарчанде шумораи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қариб се баробар афзуда бошад ҳам, асарҳои дархӯри завқу талаботи ҷомеаро боз ҳамон теъдоди  башумор эҷод мекунанд.

Шоираи халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова, бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки солҳои охир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон макони нифоқу ҷудоиандозӣ ва манфиатхоҳӣ шуд. Бинобар ин, нуфузи худро аз даст дод ва ба ҷуз ду — се нафари манфиатдор ба касе лозим нашуда монд.

Ҳадиса Қурбонова афзудааст, ки ҳодисаҳои «ҷоизафурӯшӣ»-и роҳбарони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз ҷоизагирӣ боздоштани чор достони калонҳаҷмаш — «Ҳилолӣ», «Меҳвари ишқ», «Хаймаи Хайём» ва «Хатлон», кори дастаҷамъонаи ду се нафари манфатдор буд.

Ин шоираи тоҷик афсус мехурад, ки ҷудокунӣ ва бадбинии аҳли адаб то ҳол дар Иттифоқи нависандагон давом дорад.

“Агар ин тавр набошад ман – Шоири халқии Тоҷикистонро дар 5 соли охир чаро ба ягон чорабинии Иттифоқи нависандагон даъват намекунанд?” — мепурсад ӯ.

Муллозуҳур Тоҳирӣ, раиси Иттиҳодияи байналмилалии адибон ва табибон афсус мехурад, ки  “имрӯз қариб 40 нафар шоиру нависандагоне, ки 30-40 китоб доштанд, аз аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  хат зада шудаанд.

Тоҳирӣ мегӯяд, аз соли 1998 то раиси Иттиҳодияи байналмилалии адибон ва табибон шуданаш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аммо бо сабабҳои номаълум аз сафи он хориҷ карданд. Ба бовари Муллозуҳур Тоҳирӣ чунин иттифоқе, ки ба ҷойи муттаҳид кардан эҷодкорону адибонро пароканда мекунад, иттифоқ нест.

Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шоир аз ВМКБ гуфтааст, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маконест, ки аҳли адаб ҳар вақт сарҷамъ шуда, якдигарро мебинанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *