Рубрики Хабарҳо

Даргириҳо дар ҷанубу шарқи Укроин ташдид шуд

Ҳафтоду шашумин рӯзи таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин бо ташдиди даргириҳои рӯзи сешанбе дар ҷанубу шарқи Укроин оғоз шуд. 

Артиши Укроин рӯзи сешанбе аз идомаи ҳамалоти мушакии нерӯҳои Русия ба минтақаи Одесса хабар дод. Артиши Укроин ҳамчунин таъйид кард, ки дар натиҷаи ҳафт ҳамлаи мушакӣ субҳи имрӯз як нафар кушта ва панҷ тан захмӣ шуданд. 

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин низ субҳи сешанбе эълом кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли тадоруки амалиёти таҳоҷумӣ дар минтақаи Донбасс воқеъ дар шарқи Укроин ҳастанд. 

Гузоришҳо аз Укроин ҳамчунин ҳокист, ки оташи тӯпхона ва ҳамалоти ҳавоии артиши Русия ба корхонаи фӯлоди Азовстал дар шаҳри бандарии Мариупол рӯзи сешанбе низ идома дорад ва муқовамати размандаҳои укроинӣ ҳамчунон монеъ аз тасаллути комили нерӯҳои рус бар ин шаҳр шудааст. 

Охирин хабарҳо ва рӯйдодҳои муртабит бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи сешанбе даҳуми моҳи майи 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед. 

Фаронса ва Мексика хостори нишасти фаврии Шӯрои амният шуданд 

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид бино ба дархости Фаронса ва Мексика ва бо таваҷҷуҳ ба “тадовуми вахомати шароити инсонӣ”, рӯзи панҷшанбе нишасти алании дигареро дар хусуси ҳамлаи низомии Русия ба Укроин баргузор мекунад. Ин нишаст шонздаҳумин ҷаласаи Шӯрои амният пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар 24 феврал хоҳад буд. 

Фаронса ва Мексика барои нишасти рӯзи панҷшанбе хостори ҳузури масъулони дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони милали муттаҳид ва сандуқи кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ шудаанд. 

Ин нишаст ҳамзамон бо нишасти фавқулодаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар Женева бо мавзӯъи “вахомати вазъияти ҳуқуқи башар дар Укроин” баргузор мешавад. 

Киев эълом карда, ки ин нишастҳо пас аз бомбаборони охири ҳафтаи мактабҳое дар шарқи Укроин баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он 60 ғайри низомӣ ҷон худро аз даст доданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *