Рубрики Хабарҳо

Ғӯлҳои технологии амрикоӣ дар се рӯз беш аз як триллион доллар зарар диданд

Ғӯлҳои технологии амрикоӣ пас аз боло бурдани фоизҳои Fed дар савдо беш аз 1 триллион доллар сармояи бозорро аз даст доданд. 

Бо ин суръат бохт аз тиҷорат пас аз он оғоз шуд, ки Бонки федералӣ рӯзи 4 май тасмим гирифт,  фоизи бозтамвилро ним дарсад боло барад. Ғӯлҳои технологияҳои амрикоӣ дар савдои се рӯзи охир 5, 6 ва 9 май арзиши бозории беш аз 1 триллион долларро аз даст доданд. 

Пурқиматтарин ширкати ҷаҳон Apple, аз замони баста шудани муомилоти рӯзи чаҳоршанбеи 4 май 220 миллиард доллар аз даст дод.

Баъд аз ин, раиси Fed Ҷером Пауэлл гуфт, ки таваррум хеле баланд аст, аммо нақшаи боло бурдани меъёрҳо бо ним дарсад маҳдуд хоҳад шуд. Ширкатҳои амрикоии Big Tech дар фурӯш дар бозори саҳҳомӣ аз ҳама бештар зарар диданд.

Дар натиҷа, Microsoft арзиши бозорро тақрибан 189 миллиард доллар аз даст дод.

Зарари Tesla тақрибан 199 миллиард долларро ташкил дод.

Сармоягузории бозории Amazon то 173 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Сармояи бозори ширкати Google Alphabet  нисбат ба як ҳафта пеш 123 миллиард доллар камтар шудааст.

Истеҳсолкунадаи видеокорт Nvidia тақрибан 85 миллиард доллар ва Meta 70 миллиард долларро аз даст доданд.

Ҳоло сармоягузорон таваҷҷуҳи худро ба имконоти сармоягузории амнтар, аз қабили Campbell Soup (истеҳсолкунандаи шӯрбои консервашуда), General Mills (яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ғизо дар ҷаҳон) ва Ҷ.М. Smucker (истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар ИМА ва Канада) равона мекунанд.

Саҳмияҳо дар бозори саҳомии ИМА рӯзи панҷшанбе поин рафтанд ва дар рӯзҳои 6-9 май коҳишро идома доданд. S&P 500 рӯзи 9 май 7 дарсад коҳиш ёфт. Invesco Nasdaq 100 ETF дар ҳамин давра тақрибан 10 фоиз коҳиш ёфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *