Рубрики Хабарҳо

Ҷаҳиши дигарбораи қимати орд дар Тоҷикистон

Қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт. Тибқи иттилоъи корбарон, нархи асоситарин маҳсулоти хӯроквории хонаводаҳои тоҷик, дар ду рӯзи охир аз 10 то 15 дарсад боло рафтааст. Коршиносон мегӯянд ҳанӯз ҳам ин поёни кор нест. 

Дар пойтахт ва атрофи он як халтаи 50-килограммии орд 370 сомонӣ ва дар Хуҷанду навоҳии Суғд 360-365 сомонӣ фурӯхта мешавад.  

Мақомот ва аоридкунандагони орду гандум афзоиши қимати ордро ба маҳдудиятҳо дар содироти он аз сӯи Қазоқистон ва боло рафтани қиматҳо дар бозорзои ҷаҳонӣ вобаста медонанд. 

Тоҷикистон ҳаҷми асосии орду гандумро аз Қазоқистон ворид мекунад ва ин кишвар қбалан эълон карда буд ва хотири таъмини ниёзҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани қиматҳо дар дохил содироти ордро зери назорати шадид хоҳад гирифт. 

Ду истеҳсолкунандаи бузурги гандум ва дигар ғалладонаҳо — Русия ва Укроин даргири ҷанганд бо ҳамдигаранд ва ин амр боис шудааст миллионҳо ҳектор заминҳои Укроин киштнокарда боқӣ бимонанд. 

Коршиносон мегӯянд ҳанӯз мушаххас нашуда, ки ҳосили имсолаи гандум дар ҷаҳон аз соли гузашта чӣ қадар фарқ хоҳад кард ва имкон дорад эълони ҳаҷми ҳосил қимати орду гандум, дигар ғалладонаҳо ва равғани растаниро боз ҳам болотар бибарад.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *