Ба иттилои Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина 3541 ғайринизомӣ кушта ва 3785 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Аз кушташудаҳо 3302 нафар калонсолон, 239 нафар ноболиғонанд ва дар қатори захмишудагон 355 нафарашон ноболиғон ҳастанд.
Аз ин шумор 1897 нафари кушташуда ва 1949 нафари ҷароҳат бардошта аз вилоятҳои Донетск ва Луганск мебошанд. Яъне, ин минтақаҳои кишвар бештар талафоти ҷонӣ додаанд.
Ба гуфтаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, беш аз 8 миллион укроинӣ маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк карда, ба манотиқи дигари кишвар кӯчанд. Дар хориҷ аз кишвар низ селаи фирориён то рафт афзудан дорад.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 3 май интишор карда буд, ки шумори ғайринизомиёни кушташуда дар Украина аз оғози ҷанг ба 3153 нафар расидааст. Рӯзи 9 май ин теъдод ба 3381 нафар расида буд.